Шиагароӣ бо сатри сиёҳ

Ҳамарӯза мегуему таъкид мекунем, вале то ба имрӯз пушиши сатри сиёҳ  дар миёни занону духтарони  тоҷик кам нашуда истодааст.Ҷои гила он аст, ки занони сатрпуши шаҳри Кӯлобро меҳмонон эрод мегиранд. Чанде пеш як меҳмони Душанбегӣ дар боғи марказӣ сайр карда аз сатрпушии кулобиҳо дар аҷаб омад, ки наход дар шаҳри Кӯлобе, ки тамоми мардумаш ҳокимияти қонуниро тарафдорӣ мекард ва зидди тоқиҳои сафед буд имрӯз мардумаш чун занони шиа сатри сиёҳ  мепушанд.

Аммо он чи сатрест, ки ҳама аъзои онҳо берун баромада меистад.  Бархе аз сатрпушон  либоси хешро  чунон танг мепӯшанд, ки тамоми аъзояшонро  ба берун мебарораду  гуё таъкид мекунад,ки ба сӯи  ӯ дида дӯзем. Вале сабаби дигари сатрпушӣ низ мавҷуд аст. Баъзе занону духтарон афту башараи хунуки худро  аз мардум пинҳон мекунад.

Баъзе аз занон тақлилро хеле дуст медоранд. Онхо филмҳои туркиву эрониро тамошо карда ба онҳо пайравӣ мекунанд.Дар консертҳои сарояндагони махаллӣ низ  низ  сатрдоронро мушоҳида кардан мумкин аст. Занон ин «афроди маданӣ» -ро мебинанд, ки  қафкубӣ мекунанду мерақсанд ва ҳатман бояд ба онҳо тақлид кунанд.

Масъулини назорати чунин фиттаву дискҳоро зарур аст, ки диску фитаҳои  тарғиби бегонадоштаро  аз  савдо манъ намоянд

Дигар тарафи масъала  тарҷумаи  филмҳои туркӣ, ки аз тарафи ҳунармандони тоҷик тарҷума мешаванд, ҳама тарғибу ташвиқи сатрпушон ва фарҳанги бегонаро миёни аҳолӣ  тарғиб мекунад.

Ба андешаи баъзе аз шаҳрвандон духтаре, ки сатр ва ё ҳиҷоб мепушад,   хеле бо тамкин, покдоман ва бо иффат аст. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки чаро ин боиффатҳо либоси хеле танг ба бар мекунанд ва  намоишкорона аз бозор то ба гулзор сайру гашт менамоянд.

Мақоли хуби халқ аст, ки «Паси коса нимкосае  ҳаст» шояд ин тарғиби ҳамон фарҳанги хориҷиён миёни занону бонувони миллати тамаддунофари тоҷик бошад, зеро дар ягон давру замон зани тоҷик маҳз бо либоси сиё ҳ рӯнамоӣ накарда буд.

Суратгирхонаҳо махсус сурати занони сатрпушро  гирифта дар лавҳаи рекламавӣ  насб мекунанд,шояд онҳо низ супориши хориҷиёнро гирифтанд.

Мушоҳидаи дигар ин аст, ки  духтарони сатрпуш  то дари коллеҷу донишгоҳ  сатр мепушанду он ҷо   сатрро  аз сар мегиранд. Аз донишгоҳу колеҷ баромадан замон, боз хамон сатри худро мепушанд. Омузгорон бошанд танҳо худро дар донишгоҳ масъул меҳисобанду халос. Савдогарону харидорони сатрпуш  дар бозорҳо низ ба чашм мерасанд . Агар роҳбарияти бозор онҳоро таъкид кунад, ҳатман ин масъала ислоҳ мешавад. Аммо бетарафӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад.

Бо пушиши сатр занону духтарони тоҷик  гуё иффати худро  нишон доданӣ мешаванд. Хоҳар вам одари азиз ,агар шумо мехоҳед дасту пой ва гардану сари худро бипушед , либоси миллии қадимаи тоҷиконро бипушед.

Ҳамагон бонуи аввали Ҷумҳурии Тоҷикистонро   дар канори Пешвои миллат ва фарзандону наберагон  ҳини сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳ диданд. Диданд,ки либоси тоҷикӣ, бахусус  румоли каҷбастаи  тоҷикӣ  чи қадар бонуи аввали Ҷумҳуриро зебида буд.   Бояд занони тоҷик ана ҳамин  румолбандиро тақлид кунанд.

Зани тоҷик ҳеҷ гоҳ на дар азо, на дар мотам ва на дар зиндон чунин либоси сиёҳ намепушид.

Ба андешаи ман воридшавии  румолу либосҳои сиёҳ бояд  аз тарафи Гумруки  Тоҷикистон  таҳти назорати  ҷиддӣ қарор гирад. Ин як намоишкорӣ  ва сирф тақлиди дигар миллатҳо ва ё рекламаи фарҳанги бегона дар Ҷумҳурии мо мебошад, зеро ҳеҷ гоҳ зани давлати Туркманистон ё Ҳиндустону Амрико ва Туркияю Аврупо чакану атлас ва ё  матоҳхои абрешиму шоҳии тоҷикиро намепушанд пурра либоси миллии худро дар кучаю хиёбон ва барномаҳои телевизионӣ  истифода мебаранд. Пас тақлидкории мо хусусан бонувон то ба кай идома меёбад, вақт довар аст инро муайян хоҳад кард.

 Сулаймон  Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code