Ободкориҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

             Дар шаҳри Кӯлоб айни ҳол дар 34 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз гардида аст. Аз ҷумла: Таъмиру таҷҳизонидани хонаи ақди никоҳ (САҲШ), Бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳалллаи Ш. Шоҳин, сохтмони сартарошхона аз тарафи шаҳрванд Раҳимов Ҷовид, сохтмони Маркази савдо дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз тарафи шаҳрванд Исоқов Бозоралӣ, таъмири роҳҳои пиёдагарди маҳаллаи ба номи Касирзода Зокирҷон  аз тарафи Касирзода Ҷамшед дар масофаи  680 метр, сохтмони мағозаи хурокворӣ дар маҳаллаи Нонбойи- поён аз тарафи шаҳрванд Амирова Гулистон, сохтмони мағоза ва хонаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ аз тарафи шаҳрванд Қурбонов Асадулло, сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи 20-  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони бинои 9- ошёнаи истиқомати аз тарафи Акрамов Алишер, сохтмони бинои 9- ошёнаи истиқоматӣ аз тарафи ҶДММ «Комил- 2010»,  сохтмони бинои 5- ошёнаи  Маркази савдо,  сехи қаннодӣ,  хонаи истиқоматӣ ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ дар маҳаллаи Борбад аз тарафи шаҳрванд Мирзоҳусайнов Шуҳрат,  сохтмони 10- синфхона барои 480  ҷойи нишаст дар ду баст ба шаҳрванд  Назаров Бахтиёр, сохтмони 10- синфхона барои 480 ҷойи нишаст аз тарафи шаҳрванд Комилов Наврӯз дар назди МТМУ №41,  сохтмони бинои бисёрошёна бо китобхона, кинотеатр, намоишгоҳ, маркази хизматрасонӣ- фарҳангӣ ва меҳмонхонаи миллӣ аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» идома дорад.

       Бо бунёди ин иношотҳои ҳаётан муҳим ҳам Кӯлобшаҳри бостонӣ зебо мегардаду ҳам сокинони зиёде бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code