НАҲЗАТИҲОИ ХОИН МАРДУМИ ТОҶИКРО ДУБОРА ГУМРОҲ КАРДА НАМЕТАВОНАНД!

 Чанде қабл дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон дар Варшава аз ҷониби мафияи наҳзатиҳо боз фитнае ба кор бурда шуд. Онҳо навиштаҷотеро бо номи “озод намудани маҳбусони сиёсӣ” ба собиқ намояндаи худ доданд. Дар ин ҳолат низ онҳо амали “найрангро” ба кор бурданд. Бинобар он, ки намояндаи собиқи онҳо забони хориҷиро чандон хуб намедонад инро ба назар гирифта бо забони хориҷӣ навиштаҷотро ба дасти ӯ доданд. Бо чунин амал онҳо мехостанд намояндаи собиқи худро дар ҳолати ногувор қарор диҳанд. Чунин амал аз ҷониби ба қавли содиркунандаи ин амал, ки дар навор худро “кӯдак” меҳисобад иҷро гардидааст. Муноқишаи бавуҷудомада низ таҳрезигардада буд.

Талаб намудани озод кардани ҷинояткорон ва унвон намудани онҳо ҳамчун “маҳбусони сиёсӣ” як амали хандаовар мебошад. Ҷинояткор шахсе мебошад, ки кирдорҳои вай ба ҷамъият хафнок дониста, барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардида, аз ҷониби суд гуноҳи вай исбот гардидааст. Агар гуноҳи шахс барои содир намудани ҷиноят исбот гардида бошад, пас вай ҷинояткор аст на маҳбуси сиёсӣ. Худи онҳо инро хуб дарк менамоянд, зеро тули солҳо дар мақоми қонунгузор намояндаи ҳизби худро доштанд. Дар раванди қонунэҷодкунӣ иштирок ва овоз додаанд. Акнун бошад қонунҳои қабулнамудаи давлатро ғайридемократӣ унвон менамоянд. Ин ҳолатро метавон бо он маънидод намуд, ки дар интихоботи Парлумонӣ ноком гардиданд. Аммо мағлубиятро бояд “мардонавор” қабул намуд. Ба мисли онҳо дар интихоботи Парлумони дигар ҳизбҳо низ ноком гардиданд, аммо онҳо мағлубияти худро эътироф намуда барномаҳои нави кории худро барои интихоботи минбаъда коркард карда истодаанд.
Амалҳои чунин гуруҳҳо аз аввал хиёнаткорона буд. Онҳо сараввал номи исломро дар ҳизби худ сӯистифода намуда, бо ин роҳ мардумро, ки муддати зиёд аз ислом ва дин маълумоти зарури надоштанд истифода намуданд. Аммо бо гузашти вақт мардум исломро бо маънои томаш дарк намуд ва аз ин ҳизб даст кашид. Зеро дини ислом ба ягон гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Ҳатто намояндагони воломақоми онҳо аз кардаи худ пушаймон гардида, иқрор шуданд, ки амалҳои онҳо аз ҷониби хориҷ маблағгузорӣ карда шуда, ҳадафҳои дигарро пайгирӣ менамуд.

Пӯшида нест, ки роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом террорист Муҳиддин Кабириро хоҷагонаш мудом дастгириӣ ва пуштибонӣ намуда, ӯро мунтазам сармоягузорӣ мекунанд. Вагарна Кабирӣ на сиёсатмадор ва на олими дин ва на ягон мутахассис ва на ягон ҳунарманд аст, ки дар хориҷа бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо намуда, худ ва аҳли оилаашро хӯронад. Аз ин нуқтаи назар ҳамагон медонанд, ки Кабирӣ меҳнати ҳалол кардан, заҳмат кашидан ва бо арақи ҷабин дарёфтани ризқу рӯзиро бад дида, мехоҳад доимо бо пайсаи муфти хоҷагонаш рӯзӣ пайдо кунад.

Дар ҷаласаи САҲА ин маротиба Кабирӣ на бо ниқоби наҳзат, балки бо ниқоби демократия ширкат намуда, хостори ба аҳли олам нишон додани он буд, ки гӯё ӯ акнун ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузораду арзишҳои диниро канора мекунад.

Аммо ҳамагон хуб медонанд, ки Кабирӣ аллакай дар хиёнаткориву фиребу қатлу куштор ва ҷаҳолату авбошиву туҳмату буҳтон таҷрибаи кофӣ дорад ва қаблан барои расидан ба татбиқи ин амалҳо ӯ ниқоби дин ба бар намуда буд. Акнун, ки аҳли ҷаҳон аз сӯйистифода ва бадномкуниҳои наҳзат аз дини мубини ислом огоҳ гардиданд Кабирии разил ин маротиба мехоҳад ба худ ниқоби демократия кашида, боз ҳам ҷавонони ноогоҳро гумроҳ намуда, ҳаёти босаодати онҳоро зери суол барад.

Дар ин маврид суоле пеш меояд, ки ин ҳама бадрафториву бадтинатӣ ва пастфитратиро Кабирӣ барои чӣ анҷом медиҳад? Албатта барои ба даст овардани пайсаи муфти хоҷагон. Чун хоҷагони Кабирӣ, ки имкони бо дасти худ анҷом додани амалҳои ноҷавонмардонаро надоранд ин Кабирӣ ва кабирибаринҳо – яъне мурдорҳои сиёсиро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Барои Кабирӣ сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, хурсандии пиру барно, хандаи беғами кӯдакон, осудагии модарон ва ваҳдату якдилӣ ҳеҷ арзише надорад, зеро Кабирӣ ҳамаи ин арзишҳоро бо пайсаи бедардимиёни хоҷагонаш иваз намудааст.

Аз ин рӯ, агар Кабирӣ дар ҳазор ҷаласаҳои САҲА ширкат ва тӯтивор сухан ронаду худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад ҳам Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар аз хиёнатҳои ӯ огоҳанд ва Кабириву хоҷагонашро маҳкум менамоем.

Ба қадри ҳамаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бояд расид. Ба ҳар гуна фитнаву ҷангандозиҳо бояд дода нашавем. Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳама гуна ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Орзу Ҳамидиён

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code