Машқҳои пагоҳирӯзӣ

  Ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар шаҳри Кӯлоби вилояти  Хатлон машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди  Варзишгоҳи марказӣ, дар саҳни Донишгоҳ, дар майдони варзишии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, дар саҳни бинои Коллеҷи тиббӣ, Боғи марказӣ баргузор гардид.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҷониби Мактаби варзишӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ,  Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ санаи 22-юми сентябри  соли равон, аз соати 06:00 то 07:00 баргузор карда шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар умум 300 нафар  шаҳрвандон, аз ин шумора 70 нафар бонувон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.

 Лозим ба ёдоварист, ки дар баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ шумораи ҷалби ҷавонон, бонувон ва калонсолон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст ва ин боиси рушду оммавияти варзиш дар шаҳри Кӯлоб гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code