Тараддуди сокинони ҷамоати деҳоти Зарбдор бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият

   Тибқи нақшаи тасдиқгардида бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҷамоати дехоти Зарбдор  сохтмон ва бунёди як қатор иншоотҳо идома дорад. Алалхусус дар деҳаи Куҳнашаҳри ин ҷамоат бунёди нуқтаи таъмир ва шустушуйи нақлиёт аз тарафи соҳибкор Исломов Ҷурахон, дар деҳаи Сариосиёби ин ҷамоат бунёди бунгоҳ аз тарафи Ғайратшо Сангов, бунёди сартарошхона ва кошонаи ҳусн аз тарфи Шовалиев Нуралӣ мағозаи дуошёна дар деҳаи Ватаншо Шамсов аз тарафи Шарифов Рачабхуҷа, коргоҳи коркарди пахта дар деҳаи Панҷосиёб аз тарафи Пирмадов М, дар деҳаи  Мадином Ибронов  сохтмони дорухона аз тарафи Одинаев Орзу идома дошта,  дар деҳаи Гулистон кандани чоҳи оби нушокӣ ва нуқтаи нигоҳдории насосҳои обкашӣ оғоз гардидааст.

  Сокинони ҷамоат азм доранд, ки 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро бо  дастовардҳои назаррас, хусусан бунёди иншоотҳои  таъиноти гуногун   истиқбол мегиранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code