Маъюбон дар маркази диққати давлат

    Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»- дар зарфи 9 моҳи соли 2018 дар шахри Кӯлоб бо кӯшишҳои раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло   аз ҷониби макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Кӯлоб ба 66 нафар маъюбони имтиёздошта ва барҷомонда  аробачаи маъюбӣ, 15 адад  асобағал,    20 адад асо, 2 адад роҳравак ва 2 адад асои нобиноӣ  ба таври ройгон тақдим карда шуда,  20 нафари дигар    ҷиҳати гирифтани аробачаи маъюбӣ дар навбат қарор доранд .        

     Қайд кардан зарур аст, ки дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи филиали Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Кӯлоб низ ба маъюбони гурӯҳи 1 ва  2-юм 281 адад пойафзоли ортопедӣ, 9 адад асо, 35 адад асои то оринҷ ва 6 адад дастгоҳи шунавоӣ ройгон таъмин карда шуд.         Дар 9 моҳи соли 2018  ба ин гурӯҳи нафақахурони имтиёздошта 8  адад роҳхат ба осоишгоҳи « Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ,  8 адад роҳхат ба осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб, 6 адад роҳхат ба осоишгоҳи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун, 2 адад роҳхат ба осоишгоҳи Ромит,  4 адад ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» ва 2 адад ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»    таъмин карда шуд.       Мавриди қайд аст, ки дар давоми соли 2018 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» 8  нафар кӯдакони маъюби модарзод ҷиҳати табобат гирифтан ба маркази тавонбахшии Сари Хосор равона карда шуданд.               Дар давоми соли 2018 ба 60  нафар маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шуд.         Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то 24 июни  соли 2018,  4094    оила ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шудааст, ки 17 фоизи хоҷагиҳои шаҳру дехотро ташкил менамояд.

   Дар ин давра аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба маблағи  1296300   сомонӣ ба филиали №57 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и  шаҳри Кӯлоб  ворид шуда, ба оилаҳои камбизоат сари вақт дастрас гардида истодааст.                                                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code