Алвидоъ устоди азиз!

       Нахуст устоди устодони шаҳри Кӯлоб Сайид Шариф сафари охирад карданд.    Марги ӯ  барои ҷомеа фоҷеаи гушношунид маҳсуб меёбад. Зеро марҳум Сайид Шариф  дар тули ҳаёти хеш барои давлату ҷамъият корҳои басо бузургро ба сомон расонида аст. Даргузашти ин ходими намоён барои  шаҳру минтақаи Кӯлоб талафоти бузург маҳсуб меёбад.

      Бале шодравон Сайид Шариф дар ҳақиқат шоистаи тавсиф аст. Агар аз ҳолномаи устод ёдовар шавем, ӯ санаи  1-уми январи соли 1928 дар деҳи Сари дашти ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгохи омузгорӣ дохил шуда, сипас шуъбаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро аз омӯзгори қаторӣ оғоз карда, солҳои 1961-1963 директори муассисаи №16-и деҳаи Зиракӣ, солҳои 1963-1969 директори муассисаи №6, солҳои 1967-1980 мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, Солҳои 1980-1983 директори омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,  Соли 1987 директори мактаби шабонаи шаҳри Кӯлоб шуда кор кардааст.

Тули ҳаёти пурбараки худ бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, ордени Байрақи сурхи меҳнат соли 1970, бо медали собиқадори меҳнат, соли 1986 ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1989 бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудааст.

Бо ин тарҷумаи ҳоли устод ба сомон намерасад. Устод Сайид Шариф дар тарбияи  насли наврас ва ҷавонон саҳми беандоза гузошта,  дар ёдномаи мардум ба некӣ боқӣ мемонад.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ва кулли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба пайвандони устод сабри ҷамил таманно менамоянд.

                            Алвидоъ устоди азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code