Омодагии ҷамоати деҳоти Даҳана ба ҷашнҳои бузург

   Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  то соли 2021 дар ҷамоти деҳоти Даҳана 179 номгӯйи иншоотҳо сохта ба истифода дода мешавад.

  Аз ин шумора  сохта ба истифода додани 4 синфхона бо шумораи 100 хонанда ар деҳаи Таниёл ба тариқи ҳашар ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзи 1 октябр ба истифода супорида мешавад.

  Тоза кардани ҷӯйбор ва хатҳои обгузар дар деҳаҳои Ёхсучиён, Гулзор, Кул, Даҳана, Бешкаппа, Олтоул, Лавова, Файзобод, Анваробод, маҳаллаҳо ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шуда, таъмири хатҳои оби нушокӣ дар деҳаҳои Ёхсучиён, Кул, Бешкаппа, Даҳана, Олтоул, Файзобод, Анваробод, Гулзор, Тоқакаппа, Таниёл ба анҷом расонида шуд.

  Корҳои сохтмонӣ дар 16 иншоот, марҳила ба марҳила идома доранд, ки дар солҳои 2019 ва 2020 ба истифоа дода мешаванд.

                                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code