Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Ҳамарӯза аз тарафи шуъбаи кор бо занон, бахши кор бо ҷавонон, ноболиғон, муҳасилини ШВКД ва дигар шахсони масъул рейди муштарак  ҷиҳати бартараф  намудани бегонапарастӣ дар байни ҷавонону ноболиғон,  аз ҷумла донишҷуён гузаронида мешавад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба риояи эстетикӣ, тарзи либоспӯшӣ ва пешгирии бегонапарастӣ,  манъи истифодаи ороишоти зоҳирӣ, аз қабили гӯшвораҳову дандонҳои тиллоӣ  ва дастпонаҳо, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо рейдҳо гузаронида шуда истодааст.

Имрӯз чунин як санҷиши муштарарак дар бозори «Саховат» гузаронида шуд. Масъулин аз гузаргохҳои фурушандагон боздид ба амал оварда бо фурушандагону харидороне, ки либоси бегона ва ё сатр ба сар доштанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code