Тантанаи Рӯзи Рудакӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз майдони  ҷавонони назди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб  тую суруреро мемонд, зеро маҳз дар  рӯзи Рудакӣ  бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти  Кӯлоб ва  иштироки меҳмонони  зиёд аз дуру наздик  ин тантанаи бошӯкуҳ пайсипар гардид.

Дар оғози қисмати тантанавии чорабинӣ  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло, муовини Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, мушовири  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алиакбар Абдуллоев, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва мунаққид     Муҳамадалии  Аҷамӣ, шоири варзида Масъуди Сипанд, ки бо шеъри волои ӯ «Ман Ориёиям» ифтихори милливу ориёии мо болотар мегардад,  чодар аз болои пайкараи Абуабдулло Рудакӣ бардошта, суханронӣ намуда  сокинони шаҳри Кӯлобро бо Рӯзи тантанаи шеъру сухан   табрик намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муҷассамаи  қофиласолори назми тоҷик, сардафтари адабиёти классики тоҷик, Одамушшуаро,  Абуабдуллои Рӯдакӣ аз ҷониби ҳайкалтарош Шамсуддин  Одинамадов  сохта шуда  дар якҷоягӣ бо пойбасти  худ  8 метру 70 сантиметр баландӣ дошта, вазни холиси он 4 тоннаро ташкил мекунад. Ҳайкалтарош ин муҷассамаи  аз ҷиҳати тарбияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолиятхоҳӣ гаронмояро  тули 2 сол сохта аст. Маблағи сохтмони пайкара 154 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Меҳмонон ҳама аз бузургии адабиёти ҳазорсола ва азамату зебоии ин пайкара ҳарф мезаданд ва ифтихормандона мегуфтанд,ки ин ҳама бараки истиқлолияти тоҷикон аст.

Чашм нарасад  меҳмони хориҷии мо, истиқоматкунандаи Сан Франсиско Масъуди Сипанд зимни суханронии худ изҳор кард,ки «Бояд қабул кард, ки бо роҳбарии Пешвои миллати Тоҷикон  Эмомалӣ Раҳмон дар ин дунёи пурошуби арабу аҷам  як гушае мавҷуд аст, ки мардумонаш тинҷу ороманд ва ин сарзаминро ном  Тоҷикистон аст»

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ва Ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ба як зумра омӯзгорон унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикисон, ифтихорномаву сипосномаҳо  ва ба донишҷуён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои хониши ифоданок ва қироати зебо дар озмуни «Рудакихонӣ»  туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Барномаи театрикунонидашудаи театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ансамли «Фалак» ба чорабинии ҳунарӣ  ҳусну зебоӣ ва таровати тоза бахшид.

Дар фароварди чорабинӣ меҳмонон дар пояи пайкараи устод Рӯдакӣ акси хотиравӣ гирифтанд.

                                                                         Сулаймон Султон

                                                                                                                         

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code