Суханронии раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ»

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Меҳмонони гиромӣ!

  Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам   Эмомалӣ Раҳмон ҳар  сол 22 сентябр  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи Рӯдакӣ», бо шаъну шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Пеш аз ҳама мехоҳам, меҳмонони  азизу гиромиро, ки бахшида ба ин рӯзи муборак  ба Кӯлобшаҳри бостонӣ ташриф овардаанд хайрамақдам гӯям ва ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро ба ин санаи муборак  табрику муборакбод намуда ба Шумо тансиҳатӣ ва   саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Чуноне, ки аз таърихи халқи тоҷик бар меояд,  адабиёти оламшумули мо бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Ин адабиёт дар замони Сомониён ба вуҷуд омад ва забони он забони давлатӣ ва забони илму фарҳанги тоҷикӣ  гардид.

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои тоҷикзабони  шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд.

Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Ёдгори Зарирон» ба забони тоҷикии қадима дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони дарии асри Сомонӣ низ ба назар мерасанд. Ҳамзамон дар ҳамин қарнҳо давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёт, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шӯҳрати мафтункунандае дошт.

Дар қарни VII-и  мелодӣ лашкари аъроб ба истилои сарзамини Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии тоҷикон  хароб гашт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забони тоҷикӣ  гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд.

Дар Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классикии  назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид Вале шеъри араб  бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти қадими тоҷик  аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардида аз шеъри худи арабҳо хеле дур ҳам рафт.

 Бо вуҷуди он ки дар сарзамини қадимиамон адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониш адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои тоҷикиро  таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб,

Аз Хуталон омадия,

Ба рӯ табоҳ омадия,

Овор боз омадия,

Хашанг низор омадия.

ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфту арзи ҳол мекард. Хонадонҳои ҳукмрони маҳаллӣ, ки дар мулкҳои тоҷикнишини  хилофати араб аз ҷониби халифа ҳокимони нисбатан мустақил таъйин мешуданд, ба ҳифз ва ҷорӣ гардидани урфу одат ва ойину русуми мардуми  тоҷик сидқан мусоидат мекарданд. Ду сулола: – Тоҳириёну Саффориён, ки аз оғози қарни IX ба тарзи мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳокимият доштанд, дар устувории давлати худ асосан ба мардуми маҳаллӣ ва расму ойини қадими халқ такя мекарданд. Онҳо  дар дарбори худ шоиронеро, ки ба забони маҳаллӣ ва форсӣ шеър менавиштанд, ҷамъ намуда, онҳоро дар пос доштани забони адабиёти маҳаллӣ таблиғ ва ташвиқ менамуданд.

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷик ба шумор меравад.

Ин давра дар таърихи тараққиёти адабиёти классикии тоҷик  дар асрҳои миёна яке аз муҳимтарин давраҳо ба шумор меравад.

Сомониён аз он сабаб шоиронро ба дарбори худ ҷамъ мекарданд, ки ба воситаи онҳо шӯҳрати худро зиёдтар паҳн намоянд. Аз тарафи дигар, саъю кӯшиш ба маъруфият, инчунин тангии маишат шоирон ва нависандагонро маҷбур менамуд, ки ба дарбори ин ва ё он ҳоким рӯ оваранд.

Абдуабдулло Рудакӣ аз зумраи он шоирони эътирофшудаи дарбори Сомониён мебошад, ки чун шоир, навозанда ва ҳофизи халқ шӯхрат ёфта буд.

Абӯабдулло Ҷаъфар Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷруд (наздикии Панҷакент) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст.

Барои донистани қисмати Рӯдакӣ кашфиёти қаҳрамони Тоҷикистон асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт. Садриддин  Айнӣ пас аз таҳқиқи дақиқонаи сарчашмаҳо ва пурсуҷӯи куҳансолони маҳаллӣ ба чунин хулосае омад, ки қабри Рӯдакӣ дар деҳаи зодгоҳи ӯст. То ин дам касе инро тахмин ҳам накарда буд. Ин воқеият барои кушодани бисёр уқдаҳои ҳаёти Рӯдакӣ кӯмак расонид ва собит намуд, ки шоири забардасти аз тарафи Сомониён ҳимоятдида, чи навъе ки ривоят мекунанд, солҳои охири умри худро дар хориву залилӣ гузаронида, дар як деҳаи кӯҳистон аз дунё гузашт ва дафн карда шуд.

Рӯдакӣ дар овони ҷавонӣ ба туфайли овози хуш, истеъдоди шоирӣ ва маҳорати чангнавозии худ шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Ба ин восита вай аз тарафи Насри II ибни Аҳмади Сомонӣ (914-943) ба дарбор кашида шуд ва қисми асосии ҳаёти ӯ дар муҳити дарбор гузашт. Чи навъе ки Абулфазли Балъамӣ мегӯяд, «Рӯдакӣ пешқадамтарини ҳамасронаш будааст ва дар шеъри тоҷикӣ дар замони худ, ки дар Араб ва Аҷам монандаш нест».

Ӯ на фақат устоди шеър, дар айни замон ҳофиз ва навозандаи забардасте низ ба шумор мерафт. Рӯдакӣ мураббӣ ва мувозиби шоирони навқалам буд, ки ин обрӯву эътибори ӯро боз ҳам зиёдтар мекард.

Бо вуҷуди ин, Рӯдакӣ дар айёми пирии худ дучори бисёр маҳрумиятҳо гардид. Дар соли 937 ҳомӣ ва дӯсти наздики ӯ Балъамӣ, ки сарвазири Насри II буд, аз кор дур карда шуд. Шоири куҳансоли зӯран кӯр кардашуда, ба гуноҳи дӯсти Абулфазли Балъамӣ буданаш ва ё ба шӯриши халқии қарматия хайрхоҳӣ карданаш аз дарбор ронда шуда, ба зодгоҳи худ баргашт.

Рӯдакӣ пас аз ин воқеа бисёр зиндагӣ карда натавонист. Чи навъе ки Самъонӣ дар китоби «Ал-Ансоб» менависад, ӯ дар соли 941 дар деҳаи худ Панҷруд вафот кард.

Аз осори Рӯдакӣ то замони мо танҳо бештар аз як ҳазор байт омада расидааст. Ҳамин шеърҳои боқимонда низ ба маҳорати баланди шоирии ӯ, ки дар тамоми жанрҳои назми он давра, монанди марсия, қитъа, рубоӣ, ғазал, маснавӣ (чун маҷмӯаи амсоли маъруфи «Калила ва Димна» ва ғ.) зоҳир гардидааст, метавонанд гувоҳӣ диҳанд.

Рӯдакӣ аз қабили қасидасароёни маъмули дарбор набуд. Ашъори Рӯдакӣ аз ҷиҳатҳои динӣ қариб тамоман холӣ буда, дар аксари онҳо андешаҳои амиқи фалсафӣ нуҳуфтаанд. Чунончи, беҳтарин абёти ӯ роҷеъ ба гардиши замину,  моддаҳо ва муборизаи наву кӯҳна мисоли барҷастаи ҳамин навъ шеърҳост. Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» шоир сабаби фаро расидани пириро пурсида, худ дар ҷавоби он мегӯяд:

     Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирд гардон аст,

Ҳамеша то бувад оин-ш, гирдгардон буд.

 Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд,

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Рӯдакӣ дар шеърҳои худ хирад ва дониш, накӯкорӣ ва далериро тараннум карда, мардумро ба наҳаросидан аз сахтиҳои рӯзгор ва мардонавор бартараф кардани онҳо даъват менамояд. Ӯ бо эҷодиёти худ пояҳои назми тоҷикро  устувор намуда, жанр ва навъҳои асосии шеъриро ба расмият медарорад. Дар ашъори ӯ қариб ҳамаи вазнҳои арӯзӣ ва системаи образҳо ба худ шакли муайян мегиранд.

Шеърҳои Рӯдакӣ сармашқи шоирони минбаъдаи тоҷик гардид. Рӯдакӣ ба таври ҳаққонӣ ҳамчун асосгузори назми классикӣ шинохта шудааст, назме, ки дар асрҳои Х-ХV дар миёни тоҷикон ва форсҳо интишор ёфта, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз,  Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин  барин симоҳои бузургро ба арсаи вуҷуд овард. Онҳо Рӯдакиро устоди худ дониста, ӯро ҳамеша бо муҳаббат ва зҳтироми тамом ёд кардаанд.              Агар дақиқтар таваҷҷӯҳ намоем, ба хубӣ дарк менамоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи адабиёту фарҳанг, дину мазҳаб ва умуман  муаррифӣ кардани миллат ба ҷаҳониён бо ҳидояти Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели он аст, ки мо ба ҷахониён нишон диҳем,ки тоҷикон миллати қадима ва тамаддунофар мебошанд. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил шудани чорабиниҳои  бузурги давлатӣ мисли  ҳазораи  «Шоҳнома», соли бузургдошти  тамаддуни Ориёӣ, 680 ва 700 -солагии  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 100-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров,  100-солагии шоир, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, 150 солагии Шамсиддин Шоҳин ва  дар ин миён тантанаи 1150- солагии  устоди устодони сухани тоҷикии мо Одамушшуаро устод Рӯдакӣ   дар сатҳи баланди байналмилалӣ қайд карда шуд .

      Ифтихори мо тоҷикон аст, ки ҳамин гуна  як шахсияти  хирадманд устод Рӯдакӣ зодаи  сарзамини  Тоҷикистон мебошад. Ба қадами мубораки ин шоири некандеш даҳ аср пеш пойтахти давлати ҷаҳонии Сомониён шаҳри Бухоро шукӯҳу шаҳомати дигар пайдо карда, давлати Сомонӣ ҳамчун давлати  бузурги  соҳибтамаддун, соҳиби сухани равони давлатсоз ва давронсоз бори дигар дар ҳама ҷаҳон шинохта шуд. Дар заминаи шеъри Рӯдакӣ шеъри тоҷикӣ  ба авҷи олияш расида, он сон ки Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  воқеъбинона хотирасон менамояд, «Сухани бузурги   ҳикматнок, халқию раиятпарвар, оламгир ва  ватанпарвар қисми таркибии  маънавиёти моро абадан фаро мегирад».

Шеъри Рӯдакиёна, яъне шеъри равону  ҳамафаҳм, аз ҷиҳати сохту таркибаш ба дараҷаи олӣ  расида, ҳамчун шеъри озодандешию афкори бузурги созанда мардуми дунёро ба роҳи росту илмомӯзӣ ҳидоят менамояд. Гётею Байрон, Виктор Гюгою,  Чернишевский, Пушкину Сергей Есенин ва даҳҳо суханварони  бузурги олам пеши  ин шеъру  ин хирад сари таъзим фурӯ оварданд.

      Бояд иброз дошт, ки бузургони олами Шарқ Фирдавсии Тусӣ Рӯдакиро «Дури бебаҳо», Низомии Арӯзӣ  «Соҳибқирони шоирон», Дақиқӣ «Имоми ҳама фанҳою суханварон» ва садҳо адибони асарҳои баъдина донистанд. Аз ҷумла Шиблии Нӯъмонӣ, Муҳаммад Иқбол, Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров аз Рудакию шеъри волои ӯ бо эҳтироми баланд сухан гуфтанд ва то имрӯз аз ғазалу  қитъа ва мисраҳою байтҳояш шеъру ғазал эҷод мекунанд. Устод Айнӣ ӯро «Ҳақдори номи устодӣ» медонаду шоири ӯзбек Барот Бойқобилов «Бобои шоирони дунё».

      Ва ҳанӯз дар асри Рӯдакӣ шоирон ба бузургии ӯ қоил шуда  аз ҷумла  Рашидии Самарқандӣ гуфтааст:

           Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

           Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

      Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷаҳони тоҷикидонон шефтаи  каломи илоҳиёнаи  Рӯдакии бузургвор аст.

      Ҳар як аср шоири худро дорад ва ҳар як шоир агар таъби  худодода  дошта бошад, дар замони худ як паём аз нафаси Рӯдакиёна дорад. Ва ин аст, ки онҳо қалам ба даст гирифта, бори аввал ба одамӯшшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сари тазим фуруд меоранд ва  номи баланду бомартабаи  ӯро  ҳамчун сардафтари адабиёти форсию тоҷикӣ дар дилу  дар дида ҷо  медиҳанд ва пас бо  роҳи шеъру  шоирӣ қадам мемонанд.

Имрӯз низ устодони шеъру сухани мо насли нави шоиронро шарафмандона дар рӯҳияи шеъри Рӯдакии бузургвор тарбия медиҳанд.

Дар шаҳри Кӯлоб имрӯз маҳфилҳои «Ганҷи Кӯлоб»,  «Адибони ҷавони донишгоҳ» ва «Эҷод», ки соли 2017 бо қарори раиси шаҳр  дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  таъсис дода шуд, амал мекунанд ва баҳри  дарёфти адибони навқалам, тарбияи наврасону ҷавонон дар ҷодаи адабиёт ва бедор кардани шавқу рағбати онҳо ба эҷодкорӣ саҳми муносиб мегузоранд.

То ҷаҳон бошад, номи Рӯдакӣ низ зиндаю поянда ба наслҳо мерос мемонад ва ба мо ҳам ифтихор аст, ифтихори тоҷикона, ки миллати моро ба дунёи қадим, ба дунёи навин  ва ба ҳама давру замонҳо бо симои бузурги фарҳангӣ ва фазлу хиради оламгир имрӯз шеъри Рӯдакӣ  муаррифӣ мекунад. Бояд гуфт, ки ин ифтихорро бо сухани оддӣ тасвир карда намешавад, вале имрӯз дар пояи пайкараи Рудакӣ истода  бо ҳисси мамнунӣ мегуем, ки «Ифтихор дорем, ки мо  Устод Рӯдакӣ дорем»

Ҳозирини гиромӣ! Аз фурсати муносиб истифода намуда ба ҳайкалтарошону соҳтмончиёне, ки чунин як пайкараи бузурги таърихиро сохта мавиди истифода қарор додаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Бори дигар ҳама ҳамватанонро ба тантанаи шеъри асил, ба тантанаи шеъри оламгири тоҷики муборакбод гуфта ба ҳамаи Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code