Ободониву созандагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  бахшида ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  корҳои ободониву бунёдкорӣ оғоз гардидааст. Дар натиҷаи чораҳои амалишуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  20 хонаи баландошёна таъмир карда шуда, аз ҷониби соҳибкорон биноҳои марказҳои саво ва хизматрасонӣ  рангу бор ва  бо чароғакҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

  Бахшида ба ин санаи муқаддас  дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб  сохтмони муассисаи ибтидоӣ, дар деҳаи Лағмони ин ҷамоат сохтмони муассисаи миёнаи асосӣ,  азнавсозии боғчаи бачагона дар деҳаи Хонободи ҷамоати  Дахана, сохтмони 8 синфхона дар маҳаллаи  Сайдалӣ Вализода , сохтмони 8 синфхона барои 192 хонанда дар назди муассисаи №49 –и деҳаи Тудакафши ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба нақша гирифта шудаастааст .  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code