Кӯлоб. Бунёди Маркази фароғатию варзишии модару кӯдак

          Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истикболи 30 солагии Истиклолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз 800 иншооти соҳибкории ба нақша гирифташуда айни ҳол дар зиёда аз 70 адади он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

     Ҷиҳати  рушди сохаи тандурустӣ  ва хизмати тиббӣ ба модару кӯдак аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ   Ҳасановҳо сохтмони бинои Маркази фароғатию варзишии модару кӯдак бо суръат ҷараён дорад. Иншооти мазкур мувофиқи  талаботҳои меъмориву шаҳрдорӣ  бунёд гардида,   пас аз  анҷом ёфтани  сохтмони  мазкур  100 нафар модару кӯдак ба табобат фаро гирифта мешавад.

       Иншооти мазкур бо харҷи 850 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Бино ба иттилои муҳандисони сохтмон  сохмони мазкур нахустин  иншоотест, ки  ба модару кӯдак хизмати тиббӣ мерасонад. Дар иншооти мазкур корхои оҳану бетонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, кашидани хатҳои барқӣ ва насби  шабакаи гармидиҳӣ ҷараён дорад.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code