Ҳаммоми замонавӣ сохта шуд

 

   Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати беҳтар намудани шароити аҳолии ҷамоати деҳоти Даҳана дар деҳаи Таниёли ҷамоати дехоти Даҳана  бо маблағгузории  Агентии рушд ва ҳамкории Шветсария, таҳкилоти Оксфам  ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи амалишавии Барномаи   “Об ва санитария” дар баробари бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳаи Таниёл ҳамчунин ҳаммоми замонавӣ бо қабули 20 нафар, ки аз ду қисм, занона ва мардона иборат мебошад бо истифода аз ангишт  сохта мавриди  истифода қарор дода шуд.

   Дар ҳаммоми мазкур барои  шахсони дорои имконияти маҳдуд низ шароитҳои зарури фароҳам оварда шуда ба онҳо хизмати ройгон расонида мешавад.

  Арзиши умумии ин иншоот бо баҳисобгирии лоиҳакашӣ як миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

 

  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code