Маҳфили «Шоми назм»

  

    Имрӯз  чароғи хона- музейи Сайдалӣ Вализода фурӯзонтар гардид.  Дар   хона –музей адибону суханшиносон ва аъзоёни   маҳфилҳои адибон ҷамъ омада,  бахшида ба  бузургтарин неъмати миллӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон,  бузургдошти  он ва Рӯзи  Рудакӣ базми шеъру суханро   таҳти унвони  «Шоми назм»  доир    намуданд.

   Дар ин маҳфил  асосан дустдорони сухани воло ва шеъру сухан даъват гардида буданд.  Устодони сухан Ҳақназар Ғойиб, Хосият Вализода, Лутфи Хомӯш, номзади илмҳои филологӣ Ҳотам Раҷаби Асозода   ва аъзоёни маҳфилҳои  «Ганҷи Кӯлоб» ва «Эҷод» оид ба бузургии  Истиқлолияти давлатӣ  сухан гуфта,  шеърҳои хешро пешкаши ҳаводорони шеъру сухан намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code