Ҳамсол ба ҳамсол

  Дар шаҳри Кӯлоб машваратҳои мобилӣ бо ҷавондухтарон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди тарзи ҳаёти солим ва солимии репродуктиви наврасон”  Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо ҷавондухтарон вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди малакаҳои ҳаётӣ ва солимии репродуктивии наврсон ва ҷавонон машваратҳои мобилӣ гузаронида шуд.

  Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳои таблиғотӣ – иттилоотӣ ин баланд бардоштани савияи дониши наврасон ва ҷавонон вобаста ба саломатӣ,   солимии репродуктивӣ ва инкишофи ҷинсии наврасону ҷавонон, қобилияти фертилӣ, исқоти ҳамл, маводҳои пешгирии ҳамли номатлуб, пешгирии ВНМО  танзими оила,  доштани маълумоти базавӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои репродуктивии  ноболиғону ҷавонон ва  рушди малакаҳои ҳаётии онҳо ба шумор меравад.

Барои баргузор намудани чорабинии мазкур мутахассиси соҳаи тандурустии кор бо ноболиғону ҷавонон ҷалб гардида буд.

Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 50 саволҳои  иловагӣ вобаста ба солимии репродуктивӣ баррасӣ гардида аз ҷониби тренер ҷавобҳои дуруст ба иштирокчиён пешниҳод гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code