Оғози мавсими театрӣ

              Ҳафтаи оянда  дар шаҳри  Кӯлоб мавсими  нави театрӣ  оғоз мегардад. Ҳунармандони театри мусиқӣ мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кулоб мавсими нави театриро бо намоишномаи  «Умед»-и Шодӣ Солеҳов, ки дар таҳияи  Сафархон Мадалиев  омода гардидааст, пешкаши  ҳаводорони театр  менамоянд. Дар намоишномаи «Умед»  10 нафар ҳунармандони театр ширкат меварзанд. Намоишнома асосан ба  мавзӯи ҷудошавии оилаҳои  ҷавон ва тарбияи дурусти фарзандон бахшида шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code