Аз ҷаласаи назоратии раиси шаҳри Кӯлоб

        Санаи 13 сентябри соли 2018  бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр, соҳибкорон ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ  дар назди раиси шаҳри  Кӯлоб ҷаласаи  назоратӣ доир карда шуд. Дар ҷаласа асосан рафти иҷрои  супоришҳои протоколии ҷаласаи сайёри  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи боздиди ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Кӯлоб оид ба таҳия намудани нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тахти назорат қарор дода шуд.

          Ёдовар мегардем, ки зимни сафари кории хеш Сарвазири  мамлакат, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҳидояти Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда дар ҷаласаи сайёри худ ба масъулини шаҳру деҳоти Кӯлоб дастуру супоришҳо дод.

         Дар ҷаласаи навбатии раиси шаҳр  нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва қарори дахлдори раиси шаҳр оид ба иҷрои протоколи Сарвазири мамлакат баррасӣ карда шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ  муҷаҳхаз гардонидани  корхонаҳои саноатӣ, ворид намудудани технологияҳои нав, бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинони  маҳаллаҳои навбунёд, таъмири роҳҳои дохилӣ, таъмини равшаннамоӣ,  ободу зебо гардонидани шаҳр ва дигар масъалаҳои ҳалталаб  ба масъулин супоришҳои  мушаххас  дода шуд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code