Пайкарае дар пешорӯи истиқлолияти тоҷик

   

   Имрӯз дар таърихи шаҳри Кӯлоб саҳифаи наве боз гардид, зеро дар майдони   ҷавонони назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, ки номи устод Рӯдакиро дорад,  пайкараи бошукӯҳи Абабдулло Рудакӣ  гузошта шуд. Пайкараи Одамушшуаро,  Абуабдулло  Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад , қомат афрохт.     Бо назардошти бунёд гардидани бинои нави маъмуриву таълимии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва таҷдиди майдони фаввораҳо дар назди Донишгоҳ, ки соли 2015 бо иштироки Асосгузори Пешвои миллат  ифтитоҳ ёфт, зарурати аз нав гузоштани муҷассамаи устод Абуабдуллои Рӯдакӣ пеш омад,  ки ба тарҳ ва намуди берунаи бино мувофиқат кунад.  

    Муҷассамаи  қофиласолори назми тоҷик, сардафтари адабиёти тоҷик, Одамушшуаро,  Абуабдуллои Рӯдакӣ аз ҷониби         ҳайкалтарош Шамсуддин  Одинамадов  сохта шуда  дар якҷоягӣ бо пойбасти  худ  8 метру 70 сантиметр баландӣ дошта, вазни холиси он 4 тоннаро ташкил мекунад.Ҳайкалтарош ин муҷассамаи  аз ҷиҳати тарбияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолиятхоҳӣ гаронмояро  тули 2 сол сохта аст. Маблағи сохтмони пайкара 154 ҳазор сомониро ташкил додааст. Пайкара бо рукнҳои миллӣ сохта шуда , асои дасти он рамзи чор унсури табиат об, хок  ва ҳавову оташро  бозгӯӣ мекунад.             Шамсуддин  Одинамадов  ҳайкалтароши чирадасти касбӣ буда   дар   зебоии шаҳру минтақаи   Кӯлоб ва вилояти Хатлон  саҳми беандоза калон гузоштааст. Бахусус  нақши  эҷози  дастони ӯ  дар «Муҷассамаи модар», воқеъ дар маҳаллаи якуми Майи шаҳри Кӯлоб,  «Нишони давлатӣ»-и шаҳри Кӯлоб ва фаввораи  «Дустӣ»-и боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб, «Рақси чакани»-и   фаввораи маҳаллаи Исмоили Сомонӣ, Чил сутуни Муҷтамаи  2700-солагии шаҳри Кӯлоб, гавазни бухороии  назди дарвозаи шаҳр, сайди  морхӯр ва уқоб дар Бустонсарои шаҳр , муҷассамаи «Оила» дар назди бинои САҲШ-и шаҳр Кӯлоб  нимпайкараҳои  Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Рустами Абдураҳим имрӯзҳо гулгашту боғҳои шаҳрро зеб медиҳанд.  Аксари ин пайраву муҷассамаҳо бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва  азму талошҳои раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло сохта шудаанд.

   Ба ғайр аз ин ҳунари нотакрори  Шамсиддин   Одинамадовро  дар  сутунҳои Қасри миллат, нишони ноҳияи Восеъ, Рустам Амакиев, Ғоиб Сафарзода, фаввораҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, нимпайкараи омӯзгори хизматнишондода Бегов Ёраҳмад дар ноҳияи Фархор, Сайдалӣ Вализода ва Фатҳиддин Тешаев дар ноҳияи Ховалинг  ва берун аз минтақаи Кӯлоб  мушоҳида намудан мумкин аст.

   Пайкараи Абуабдулло Рӯдакӣ  рӯзи 22 сентябри соли равон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба  таҷлили  Рӯзи Рӯдакӣ  бозкушоӣ мегардад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                          Сулаймон Султон    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code