Кӯлоб. Майдончаи кӯдакона кушода шуд.

      Имрӯзҳо дар назди 74 хонаҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб   66 ширкати соҳибмулкон таъсис ёфтааст.  Бо таъсиси ширкатҳои соҳибмулкон шароити хонаҳои баландошёна боло рафта истодааст. Таъсиси  майдончаи кудакона дар назди хонаи №37, 38 бо иштироки намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб , сокинони хонаҳои баландошёна ва намояндагони Ширкати соҳибмулкон ва  дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Шаҳрванд», ки имрӯз санаи 12 сентябр   ифтитоҳ ёфт аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад.      

       Майдонча аз тарафи ширкати сохтмонии ҶДММ «Ранҷ» бо маблағи  20 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои захирашудаи «Лоиҳаи ислоҳоти коммуналӣ манзилӣ» , ки аз тарафи ташкилоти  ҷамъиятии «Шаҳрванд «роҳандозӣ шуда истодааст,   ба истифода супорида шуд.         Дар расми ифтитоҳи майдонча намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда , сокинони хонаҳои №37-38-и маҳалдлаи Шамсиддин Шоҳинро шодбошӣ намуда ба роҳбарияти ташкилоти  чамъиятии «Шаҳрванд»  изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code