Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мешавад

       

Имрӯз санаи 12 сентябри соли равон  дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  оид ба  иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон  №212 аз 07 сентябри соли 2018 , ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 1095  аз 28 августи соли 2018  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие,  ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ»  бо иштироки    раиси шаҳри Кӯлоб,  муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова, намояндагони  комисариати ҳарбӣ,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табибон, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор  ситод доир карда шуд.

       Тибқи  қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 сентябри соли 2018, №621 дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб комиссияи босалоҳият  таъсис дода шуд. Раиси комиссияи даъватӣ ва аъзоёни комиссия вазифадор карда шуданд, ки фаъолият худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Низомнома  «Дар бораи  «Тартиб даъвати шаҳрвандон» ба хизмати ҳарбӣ ,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №33 аз 04 феврали соли 1999 тасдиқ шудааст, ба амал барорад. Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  вазифаи ҳар як аъзои комиссияро  мушаххасан ёдовар гардида , комиссияро вазифадор намуд , ки нақшаи дар пеш истодаро дар муҳлати муайянгардида иҷро намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code