Саноати Кӯлоб рушд меёбад

          Бо бунёду тачдид ва ворид намудани дастгоху тачхизотхои муосири соҳа дар зарфи 8 моҳи соли равон дар шаҳри  Кӯлоб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотхои саноатӣ ба 121, 9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017   15, 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо дарназардошти Барномаи миёнамухлати рушди иҷтимоию  иқтисодии шаҳри  Кӯлоб барои солхои 2015-2019 бояд дар давоми ду соли  дар пеш истода   38 корхонаҳои  саноатӣ ва таъсиси 18 ҳазору 400 ҷойи кори нав  ба истифода дода шавад, ки дар сурати амалӣ гардидани ин  ҳадаф ҳаҷми истехсоли махсулотхои саноатӣ то 50 фисад афзуда ба 200 миллион сомонӣ расонида мешавад.

           Дар асоси тадбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳри  Кӯлоб сол аз сол истеҳсоли махсулот зиёд мегардад.  

        Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсиси корхонахои хурду миёна,  азнавсозии корхонахои саноатӣ ба накша гирифта шудааст . Дар натиҷаи чунин созандагиҳо рушди соҳа таъмин ва шумораи муайяни сокинон дар истеҳсолот ба кор чалб мегарданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code