Оғози курсҳои ғайрианъанавӣ

          Дар назди Муассисаи давлатии литсейи касбӣ техники сохтмони шаҳри Кӯлоб аз санаи 12 сентябри соли равон омӯзонидани занону духтарони хонанишин  ба касбу ҳунарҳои ғайрианъанавӣ, яъне касбу кори мардона (челонгарӣ, кафшергарӣ, ронандагӣ ва ғайраҳо)  оғоз мегардад.  

         То имрӯз ба ин курсҳо 70 нафар занону духтарони бекор номнавис  карда шуда, то  соли 2021 шумораи касбомӯзон ба 360 нафар расонида мешавад. Дар тули се моҳи таҳсил ва се моҳи таҷрибаомӯзӣ  ба бонувон маблағи 250 сомонӣ  дода мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code