Истиқлолият ва ҷавонон

              Бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб  бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатӣ   як зумра чорабиниҳоро  доир  намуд. Бахусус санаи 7-уми сентябр дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр бо иштироки васеи ҷавонон ва гурӯҳи ҳунармандони «Садои дустӣ»-и назди бахш  консерти бошукӯҳ таҳти унвони «Ҷилои  ахтарони  Истиқлолият»  доир гардид. Ҷавонони Кулобӣ   солгарди  истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро  бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ  ва  рӯҳияи фараҳмандона  дар   осмони софу беғубори ватан, ваҳдати саросарӣ ва сулҳу субот  таҷлил намуда,  мерақсиданду  шодмонӣ мекарданд.

          Ҳамзамон дар толору майдончаҳои  шаҳру деҳоти Кӯлоб аз санаи 1 сентябр  то 10 сентябр дар байни ҷавонону наврасон  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 10 намуди варзиш доир карда шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои омода намудаи  бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб  сарфароз карда шуданд.

       Дар маркази ҷавонони  шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ»  бо иштироки ҷавонони фаъол  ва омӯзгорони варзида   баргузор карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code