Бозкушоии муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ

         Ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло , муовини раиси вилояти Хатлон Курбонзода Амирхон, фаъолон ва аҳли деҳаи Сарёзӣ   имрӯз  дар  деҳаи Сарёзии чамоати деҳоти Зиракӣ як муассисаи таълимӣ, дорои 7 синфхона,  ки метавонад 200 нафар хонандагонро дар бар гирад, бо саҳми бевоситаи шахси саховатпеша Зардиев   Абдунабӣ  бо маблағи 1 млн 200 ҳазор сомонӣ  сохта  шуда бо мизу курсӣ  таъмин гардида,   ба истифода дода шуд. Ҷамоати Зиракӣ  яке аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб  маҳсуб ёфта аз 3824 хоҷагӣ ва 30 454 нафар аҳолӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоати Зиракӣ 11 муассисаи таълимӣ , 1 филиали муассисаи таълимӣ мавҷуд аст. Шумораи хонандагони ҷамоат 6280 нафарро ташкил намуда, ба онҳо 480 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.  Ҳамзамон дар ҳудуди ҷамоат 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекунад, ки 100 нафар кудаконро дар бар мегирад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мухтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сохтмони   2 муассисаи таълимии дигар   ба воситаи ҳашар  идома дорад. Ин муассисаҳо дар  деҳаи Корези поён  ва деҳаи Бахтободи   ҷамоати деҳоти Зиракӣ   ҷойгир буда, дар назди муассисаҳои  № №21 ва 36 корҳои сохтмонӣ дар деворҳои асосӣ идома дорад.

         Маҳз заҳмату меҳнати аҳлонаи мардуми заҳматқарини ҷамоати Зиракӣ аст,ки  аст, ки он дар сатҳи вилоят  ифтихорномаи раиси вилоятро соҳиб гардид. Дар озмуни шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолият  бошад, ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҷамоати беҳтарин дониста шуда,  соҳиби ҷойи аввал ва деҳаи Ҳакимободи ин ҷамоат ғолиби ҷойи сеюми озмуни шаҳрии «Беҳтарин  деҳа»  дониста шуд. Дигар дастоварди ҷамоат ин аст, ки  санаи 27  август  варзишгари навраси ин ҷамоат  Носиров Озодӣ  дар риштаи гуштини самбо  дар шаҳри Орёли   Федератсияи  Россия  миёни 28 давлати дунё ширкат намуда , сазовори медали биринҷӣ  гардид. Хонандаи синфи 11-и  ҷамоати деҳоти Зиракии  шаҳри Кӯлоб   бо гирифтани мақоми  арзишманд ва ҷойи сеюм ба Ватан бо сари баланд баргашт.    Кӯлобшаҳри бостонӣ ва Тоҷикистони азиз  бо чунин фарзандон ифтихор менамоянд.

     Ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №1059 ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати  деҳоти Зиракӣ сохтмони 209 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар деҳоти ин ҷамоат аллакай сохтмони 78 иншоот оғоз гардидааст, ки аз бунгоҳи тиббию синфхонаҳои иловагӣ, дукону марказҳои хунармандӣ, марказҳои саломативу дорухонаҳо , меҳмонхонаву сартарошхона, кошонаи ҳусн ва сехҳои истеҳсолӣ иборатанд. Дар се соли оянда дар ҷамоат зиёда аз 503 ҷойҳои нави кори таъсис меёбад. Инчунин дар ин давом 16 га боғҳои нав бунёд мегардад Дар баробари ин бо азми созандаи сокинони ҷамоат дар арафаи ин ҷашн 1 ҳавзи шиноварӣ, 2 адад бунгоҳи тиббӣ ва 1 кошонаи ҳусн ба истифода дода мешавад.

Сипас чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ  дар толори деҳаи Ҳакимободи ҷамоати Зиракӣ бо иштироки заматкашони ин ҷамоат доир карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code