Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб

     Имрӯз ҷашни пурифтихор ва муқаддаси 27-солагии Истиқлолиятро мардуми шаҳри Кӯлоб бо шукӯҳ ва шаҳомати   хоса  таҷлил намуданд. Соҳибкорони Кӯлобӣ Ҷалолов Қурбон ва Хизиров Абдусалом  садоқат ва самимияти худро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш  соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ифода намуда ду меҳмонхонаи наву замонавии «Ҷал -Ҷам» ва «Сахо»,-ро ки мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфта буданд,  бо базму сур ва тантанаҳои бошукуҳ ба истифода доданд.

     Дар расми ифтитоҳи  меҳмонхонаҳо  раиси шаҳри Кӯлоб,  муҳтарам  Хайрулло Амонулло, адибону фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд. Сипас тибқи  нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмонон  ва фаъолон аз  намоишгоҳи омоданамудаи ташкилоту муаасисаҳои шаҳр дидан намуданд. Диққати меҳмононро   намоишгоҳи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷмети инноватсионӣ, ки аз лоиҳаҳои инноватсионӣ, маҳсулотҳои парки техникӣ, ихтирооти ҷавонон, мақола ва монографияҳои донишҷӯёну омӯзгорони  ин боргоҳхои олии шаҳр  ба худ ҷалб намуд. Бахусус ихтирооти донишҷӯи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватситонӣ  Саломов Ҳомид, ки асбоби буррандаи оҳанро бо батарея ихтироъ намудааст, ҷолибу диданӣ буд. Намоишгоҳи рассоми шинохтаи Кӯлобӣ  Ҷонибек Асозода, намоишгоҳи муассисаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб, ки аз мусаввараву гулдузӣ, зардӯзиву қаламкашӣ ва аниматсияҳо иборат буд, гушаи гиёҳдармонии коллеҷи тиббӣ, маҷмӯи ҳунарҳои  донишҷуёни коллеҷи техникии   ғайридавлатӣ, литсейи касбӣ-техникии сохтмонӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ, дастовардҳои саноати шаҳри Кӯлоб,  дастовардҳои кишоварзон,  ки аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ба намоиш гузошта шуда буд, диданӣ ва диққатҷалбкунанда буданд.

    Чорабинии тантанавӣ дар қасри фарҳанги шаҳр идома ёфт. Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  аҳли толор ва мардуми шарифи Кӯлобро бо ин иди бузурги милли табрику таҳният гуфт(нигаред ба баромади раиси шаҳри Кӯлоб). Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади татбиқи амалии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои муайянро  анҷом диҳем. Барои сазовор ҷашнгирии  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб   нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он 869 иншоот, аз ҷумла дар ҳар маҳалли аҳолинишин, деҳаҳо бунёд ва таъмиру  азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ, марказҳои саломатӣ, бо таваллудхонаҳо, ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳхои тиббӣ, таъмири роххои автомобилгард, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ  пешбинӣ гардидааст. Яъне дар се соли оянда ҳама дар якҷоягӣ корҳои зикршударо ба анҷом расонида,  симои шаҳрро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилотҳои иҷтимоиро бартараф сохта, барои аҳолӣ, бахусус  наврасону ҷавонон беҳтарин шароити иҷтимоиро муҳайё намоем.       Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Кӯлоб дар атрофи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  муттаҳид гардида, корҳои зикргардидаро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд.

  Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Курбонзода Амирхон аҳли толор ва сокинони шаҳрро бо ин ҷашни муқаддаси  миллию давлатӣ  табрику таҳният гуфтанд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Тамоми ин дастовардҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Аз ҷумла истеҳсоли неруи барқ нисбати соли 1995 –ум 3,4 млр кВт соат зиёд шуд. Дар ин давра неругоҳхои барқӣ-обии «Сангтуда 1 ва Сангтуда 2», ТЭС-и шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд. Дар роҳи иҷрои стратегияи расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ дар соли 2017 истеҳсоли неруи барқ ба 18 млрд кВт расонида шуда, аввалин маротиба дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар маҳдудият пурра аз байн бардошта шуд ва тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқи шабонарӯзӣ таъмин гардиданд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даврони Истиқлолият аз 12,8 млрд сомонии соли 1991 дар соли 2017 ба 24,6 млрд сомонӣ расонида шуд, ки 11,8 млр сомонӣ зиёд мебошад. То соли 2016 дар соҳаи нақлиёт 45 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард ва 190 км роҳҳои оҳан сохта ба истифода дода шуданд. Суръати рушди миёнаи   ҳарсолаи иқтисоди мамлакат 7,1 фоизро ташкил дода дар давоми 15-соли охир афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ қариб 3,8 маротиба афзуд. Ҳамзамон меҳмонон даҳҳо мисоли дигарро оид ба дастовардҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, болоравии музди меҳнат, коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфта гузаштанд.

   Сипас ба намояндагони ҷамоати деҳоти беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин, деҳаи беҳтарин ва як қатор  фаъолону хонандагони фаъоле, ки дар озмунҳои шаҳрӣ  бахшида ба 27-солагии Истиқлолият ширкат намуда, ба ҷойҳои намоён мушараф гардиданд, вимпелу шаҳодатнома ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуд. Барномаи рангини ҳунармандони шуъбаи  фарҳанги шаҳри  Кӯлоб, театри мазҳака- мусиқии шаҳри Кӯлоб ансамбли этнографии «Фалак» ба  чорабинӣ таровати тоза  бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code