Сухани табрикотии Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

                Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз фазои  Тоҷикистон нурборон аст, зеро мо ҷашни бузурги миллӣ,  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Тоҷикон аз даврони гузашта дар талоши ба даст овардани истиқлолияти комил ва вахдати воқеӣ буданд ва ҳоло, хушбахтона, онро сохиб шуда, аз аввалин меваҳои ширинаш баҳра мегиранд.

Ҳанӯз дар асрхои IX – VII-и пеш аз мелод  давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои душманон истиклолияти худро аз даст дода, боз сохиби давлату шаҳомат гаштаанд. Ҳамлахои Искандари Мақдунӣ,  арабҳо, қарохониҳо ва чингизиён боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои кӯҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки точикон гардид. Ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳӣ, озодидустӣ ниёгонамонро ба корнамоию шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли он баъди тасарруфи арабхо хонадонҳои маъруфи ибтидои садаи нуҳум Тоҳириён, Саффориён, Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату маданияти миллӣ эхё бахшанд. Абадмарди миллат чун Исмоили Сомонӣ тавонист аз ҳайати хилофати араб берун гашта, давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро асос гузорад, ки  маҳз дар ҳамин давра ташаккули халкияти тоҷик ва тамоми унсурхои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ, маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халки моро – давраи тиллоӣ меноманд. Дар ин давра илму фарҳанги мо бисёр нобиғахои нотакрор чун Рӯдакию Фирдавсӣ,   Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Сино, Берунӣ, Ал Хоразмиро ба тамаддуни  башар пешкаш намуд.

Чуноне, ки аз саҳифаҳои таърих медонем, солхои 60-80- уми  асри 19 Россияи подшохӣ сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин давра низ  мардуми мо зери зулми истилогарон  қарор дошт. Фақат соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллию марзӣ Осиёи Миёна дар харитаи сиёсии шӯравӣ аввал чун ҷумхурии мухтор ва аз соли 1929 чун ҷумхурии шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Ин зинаи аввали расидан ба истиклолият баъди пошхӯрии  давлати Сомониён буд, вале истиқлолияти комил набуд,зеро  ҳар як чумхурии иттифоқ бо иҷозати давлати Шӯравӣ сиёсати дохилиро амалӣ мекард. Сиёсати хориҷӣ ваколати давлати шӯравӣ буд. 24 –уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон дар бораи истиклолияти Ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумхурии Точикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».

19 августи соли 1991 дар Москва Комитети давлатии фавкулодда таъсис ёфт. Cарони 11 ҷумҳурихо дар Алмаато ба иттиҳоди давлатҳои  муштаракулманофеъ ворид шуданд. Аз 20-уми август сар карда ҷумҳуриҳои Шӯравӣ худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани СССР  – ро дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон худро давлати соҳибистиқлол эълон кард ва 9- сентябри соли 1991 аввалин маротиба Рӯзи истиклолияти давлатӣ  кайд карда шуд.

Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорхои пайгиронаи созандагӣ, азму талошхои фидокорона ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл аз ин нахустин хиштхои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро нихода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Вале мутаассифона ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ оғоз гардида, қариб панҷ сол идома ёфт ва  боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид. Бефарзанду бесаробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон зарбаи даҳшатноку ҷуброннопазири он фоҷиаи ба сари мардуми мо омада буд. Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат чун Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада пешгирии  ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад  ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида миллат аз парокандагӣ ва давлат аз пошхурӣ наҷот дода шуд.

Айни замон саросари марзу буми Тоҷикистонро ҳамдиливу ваҳдат фаро гирифтааст. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистони сохибистиклоламон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон   арзи вучуд кардааст. Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислохоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайрахо шаҳодат медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои миллат  Неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда 1 ва 2, Помир-1, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сохта ба истифода дода шуда дар натиҷа ду сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистон барқро бемаҳдудият истифода намуда истодаанд. Ҳамзамон агрегати якуми   нерӯгоҳи барқи обии Роғун моҳи ноябри соли равон ба истифода дода мешавад. Болоравии маош, андозаи нафақа ва стипендия аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум зина ба зина боло рафта истодааст. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  бо намунаи шахсӣ ва ҷидду ҷаҳди ҷонфидоёнаи худ, як будани гуфтору амали хешро натанҳо пеши мардуми Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳонӣ борҳо собит кардаанд. Ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин мактаби бузург дарси ибрат биомӯзем ва барои нигоҳ доштани истиқлолияти худ агар лозим шавад ҷони худро дареғ надорем.

Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли 27 соли истиқлолият мебошад. Ба ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ бо ибтикороти созандаи хеш иқдомҳоро барои ҳалли масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад». Эълон гардидани  Даҳсолаи байналмилалии  «Об барои рушди устувор»-солҳои 2018-2028- ро ҳамаи  аъзоёни  Созмони Милали Муттаҳид якдилона ҷонибдорӣ ва пазироӣ намудаанд. Ин ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати рушди устувор ва ҳамгироии захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард. Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам  бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид.

Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат  тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ  дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шаҳри Кӯлоб низ рушд ёфта истодааст. Соли 2006 бо қарори ЮНЕСКО 2700 солагии шаҳр таҷлил гардида ба муносибати ин ҷашни муборак бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  145  иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар баробари ин роҳхои автомобилгарди шаҳр таъмир, роҳи оҳани Кӯлоб-Қурғонтеппа сохта ба истифода дода шуда, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб мақоми байналмилалӣ гирифт. Боиси  сарфарозии мову шумост, ки  шаҳри Кӯлоб дар озмуни вилоятӣ бахшида ба  ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани  беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Маҳз заҳмату меҳнати аҳлонаи мардуми заҳматқарини шаҳри Кӯлоб аст, ки шаҳри азизи мо дар сатҳи вилоят  ин зинаи ифтихориро ба даст овард. Ҳамзамон деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Зарбдор беҳтарин деҳаи  вилоят дониста шуда,  ҷамоати деҳоти  Зиракӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадшиносӣ карда шуд .

  Соли 2021  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бо мақсади татбиқи амалии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Точикистон корҳои муайянро  анҷом диҳем. Барои сазовор ҷашнгирии  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб   нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он 869 иншоот, аз ҷумла дар ҳар маҳалли аҳолинишин, деҳаҳо бунёд ва таъмиру  азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ, марказҳои саломатӣ, бо таваллудхонаҳо, ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳхои тиббӣ, таъмири роххои автомобилгард, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ  пешбинӣ гардидааст. Яъне дар се соли оянда ҳама дар якҷоягӣ корҳои зикршударо ба анҷом расонида симои шаҳрро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилотҳои иҷтимоиро бартараф сохта, барои аҳолӣ, бахусус  наврасону ҷавонон беҳтарин шароити иҷтимоиро муҳайё намоем. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Кӯлоб дар атрофи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  муттаҳид гардида, корҳои зикргардидаро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд.      Умедворам, ки ҳар кадоми Шумо дар равандҳои ба амал омада истода, дар дигаргуниҳои азиме, ки кишварамонро интизоранд, ҳиссаи бебаҳо хоҳед гузошт.

  Бигузор сулҳу субот абадан дар Тоҷикистон танинандоз бошанд! Бигузор муваффақияту музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод ҳамсафари ҳамарӯзаи мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон бошад!

Ид муборак бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code