Тантанаҳои ҷашни Истиқлолият

          Имрӯз  дар як қатор ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, Зеро ҷашни  Истиқлолияти давлатӣ  аз бузургтарин ва арзишмандтарин  ҷашнҳои  миллӣ маҳсуб меёбад.

        Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Донишкадаи  технология  ва менеҷменти инноватсионӣ аз баргузории намоишгоҳи донишҷӯёну хонандагон оғоз гардида,  донишҷӯёну омӯзгорон  маҳсули илмиву эҷодӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, маҳсулотҳои омоданамудаи худ аз қабили консерваҳо бо гиёҳхои табиӣ, болиштҳои табобатӣ бо гиёҳхои табиӣ, маҳсулотҳои заргарӣ, либосҳои занона бо тарҳи нав, китобҳо ва  монографияҳои илмӣ ва дигар дастовардҳои   худро ба  маъраз  гузошта буданд.  Дар ин рӯзҳои муборак дар донишкада  толори варзишӣ ва   парки технологӣ расман ифтитоҳ  ёфт.  Чорабинӣ дар толори донишкада идома ёфта,  муовини якуми раиси шаҳр Каримзода С ва  ректори Донишкада  Ниёзӣ А  донишҷуёнро  ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ва ба ифтихори  ифтитоҳи толори варзишӣ ва   парки технологӣ табрику муборакбод гуфтанд.

Ҳамзамон имрӯз дар Ҷамоатҳои  деҳоти Даҳана, Кӯлоб ва Зарбдор  чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ   баргузор  гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code