Шаҳри Кӯлоб аз беҳтаринҳо дониста шуд.

  Боиси  сарфарозии мову шумост, ки  шаҳри Кӯлоб дар озмуни вилоятӣ бахшида ба  ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани  беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Маҳз заҳмату меҳнати аҳлонаи мардуми заҳматқарини шаҳри Кӯлоб аст, ки шаҳри азизи мо дар сатҳи вилоят  ин зинаи ифтихориро ба даст овард.        

  Ҳамзамон деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Зарбдор беҳтарин деҳаи  вилоят дониста шуда,  ҷамоати Зиракӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадшиносӣ карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code