Кӯлоб .Таъмири роҳҳо

Дар шаҳри   Кӯлоб дар  баробари бунёди иншоотҳои гуногун  роҳҳои маҳаллӣ низ таъмиру навсозӣ мегарданд. Дар 8 моҳи соли равон аз 112, 1 километр роҳҳои маҳаллӣ 40 километри он аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Дар асоси накшаи чорабиниҳо бо саҳми соҳибкорон ва ҳашархои дастаҷамъонаи сокинони шаҳр зиёда аз  2, 5 ҳазор метр роҳҳои махаллӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва ин тадбир дар дигар маҳаллахои шаҳр идома дорад.

Ҷиҳати дар сатхи зарурӣ истикбол намудани ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари қомат афрохтани 869 адад иншоотҳои таъиноти гуногун таъмиру барқарорсозии роҳҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар масофаи 50 километр ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 19 километр роҳҳои дехот ва 7, 2 километр роҳҳои дохили шаҳр бо назардошти роҳҳои пиёдагард ва ду пул аз таъмир бароварда шуд. Бо дастгирии соҳибкорон ва ҳамдастии сокинон роҳхои  махаллахои Сангихмад Даминзода, Касирзода, Ҷумъа Алӣ , Наврӯз Комил, Якуми Май  дар масофаи заёда аз 2000 метр асфалтпӯш гардидаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code