Қайдҳо аз маҷлиси назоратии назди раис шаҳр

   Санаи 5 сентябри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  маҷлиси назоратии раиси шаҳр  баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаи Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 18 июни соли 2018 , №364 «Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи сардори ситоди омодагӣ ба зимистонгузаронӣ , муовини раиси шаҳр Ҳафизов П шунида шуд.

     Зимни баррасии масъала раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки барои фаъолияти мунтазам ва босамари соҳаҳои хоҷагии халқ, омодагии ҳаматарафаи ташкилоту муассисаҳои дахлдор  ва таъмини ичрои нақша   аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ситоди зимистонгузарониро  тез-тез доир намуда, дар чаласаҳои худ масъалаи мазкуро мавриди муҳокима  қарор диҳанд. Масъалаи таъмири роҳхо, бо маводи сухт таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, захираи маҳсулотҳои кишоварзӣ, пурра омодакунии иншоотҳои обтаъминкунӣ , таҷҳизотҳои шабакаи барқ яке аз самтҳои асосии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон маҳсуб ёфта,  роҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф,тандурустӣ, фарҳанг , муассиаҳои таъмири роҳхо, шабакаҳои барқ ва раисони ҷамоатҳо пурсида шуда дар назди онҳо оид ба омодагӣ ба давраи зимистону тирамоҳи соли 2018-2019 вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.  

   Сипас зимни баррасии масъалаҳои ҷорӣ масъалаҳои рафти омодагӣ ба таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳолати ҷамоварии маблағҳои ҳақи неруи барқ, ташкил ва гузаронидани навбатдории шабонарӯзӣ дар рӯзҳои ид, рафти амалишавии амри раиси шаҳр аз 11 июни соли 2018 №117 «Дар бораи таъсиси гурӯххои корӣ оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ, ҳолати духти либосҳои мактабӣ, рафти таъмиру азнавсозии муасисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани қарзҳои музди меҳнат, рафти иҷрои андозҳо , ҷамбасти ҳисоботҳои оморӣ , фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот , ҳолати тозагии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул   шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо муайян карда шуданд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code