Ситоди даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

Имрӯз дар назди раиси комиссияи даъватии мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Кӯлоб   бо иштироки намояндагони комисариати ҳарбӣ, сардори муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ситод оид ба иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 августи соли 2018, № 1095 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991–2000 Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид. Дар ситод масъалаҳои ҳалталаби комиссия мавриди баррасӣ  қарор дода шуда масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати иҷрои  нақшаи дар пеш истода аз  ҳоло корҳои тарғибу ташвиқро ҷоннок  намоянд.                                                                         Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code