Ифтитоҳи боғчаи нав

   

           Дар  давраи омодагӣ ба таҷлили 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябри соли 2018 бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло, фаъолони шаҳр  ва адибон  дар назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  муассисаи томактабии «Ситора» ифтитоҳ ёфт . Муассисаи нави томактабӣ аз ду ошёна иборат буда дорои шароити муосири таълиму тарбия  мебошад. Муассиса  дорои боғчаи афсонавӣ буда кудакон метавонанд ҳайкалчаҳои   бузаки ҷингилапо, рӯбоҳ ва лаклак, кулчача  ва дигар  персонажҳои афсонаро бо чашми сар бубинанд. Дохили бино низ бо тасвирҳои  зебои афсонавӣ оро дода шудааст.  Шароити хӯрокхурӣ, дарстайёркунӣ, ҷойи хобу бозӣва  тамошои телевизор  дар сатҳи зарурӣ  омода карда  шулааст.

Дар ҳудуди шаҳру деҳот беш аз 18032  нафар кӯдакони  синну соли томактабӣ (3 – 6 сола) ба қайд гирифта шудааст, ки бинобар сабаби  норасогии муассисаҳои томактабӣ танҳо 6,9 фоизи онҳо (бо дарназардошти гӯруҳҳои тайёрии наздимактабӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанду халос. Боғча имкон фароҳам меорад, ки дар навбати аввал 100 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар солҳои минбаъда шумораи кӯдакон боз сад нафари дигар зиёд гардонида шавад.

Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дорои коллеҷи омӯзгорӣ, литсейи хонандагони болаёқат, лагери истироҳатӣ  буд ва инак  соҳиби боғчаи худ гардид. Дар расми ифтитоҳи боғчаи бачагона раиси шаҳри Кулоб , муҳтарам Хайрулло Амонулло, ректори Донишгоҳ  Абдулло Ҳабибулло, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб,   омӯзгорони варзидаи донишгоҳ  суханронӣ намуда ҳозиринро бо кушодашавии чунин як боғчаи наву замонавӣ табрику муборакбод гуфтанд. Ҳунармандии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр  ва шеъру таронахонӣ ва рақсу бозии кӯдакони хуштолеъ ба ин ҳамоиш  обу ранг ва таровати тоза бахшид.

                                                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code