Толори варзишӣ бунёд гардид.

   Бо дастгирӣ ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, 27-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон  дар Кӯлоб  дар маҳаллаи Чармгарони  поёни  шаҳри Кӯлоб бо дастгирии  шахсони саховатпеша ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб  толори варзишӣ  сохта ба истифода дода шуд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб  барои  ин  толори варзишӣ  ба маблағи  16 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои варзишӣ  туҳфа намуд.

   Ҷавонони хушиқболи маҳаллаи Чармгарон  дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ аз ин туҳфаи арзишманду гаронбаҳо  хушҳол гардиданд,  зеро минбаъд метавонанд  дар ин толор ба тамрин  ва машқи бадан машгул шаванд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code