Китоб раҳнамову раҳкушои миллат аст

   Санаи 4 сентябри соли 2007 ҳамасола дар ҷумҳурӣ  ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда мешавад.  Зеро Пешвои муаззами миллат дар ин рӯз санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузошта,  ин рӯзро ҳамчун рӯзи китоб  эълон намуданд.

   Дар китобхонаи марказии шаҳри Кулоб низ бахшида ба Рӯзи китоб конференсияи хонандагони  фаъоли китобхона таҳти унвони «Китоб раҳнамову раҳкушои миллат аст» доир карда шуд. Ба конференсия адибон ва китобдорони дигари китобхонахои шаҳр ва хонандагони фаъоли китобхона даъват гардида буданд.  Хонандагон ва меҳмонон зимни баромадҳои хеш аз таърихи китобу китобдорӣ баромад намуда, оид ба бузургии китоб аз бузургон иқтибосҳо оварданд  ва дар ситоиши китоб шеърҳо қироат намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code