Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло дар кушодашавии боғчаи бачагонаи «Ситора» дар назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб (04.09.2018)

 

 

 

 

 

     

                
                                                                                                       

 

 

       Ҳозирини гиромӣ!  

    Омӯзгорони  арҷманд       

       Имрӯз  кушодашавии боз як муассисаи нави томактабӣ дар давраи омодагӣ ба таҷлили 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб айни замон  8 муассисаи томактабии давлатӣ ва 2 муассисаи томактабии  хусусии «Меҳрона» ва «Миҷгона»  амал мекунад,ки 1356 кудаконро дар бар гирифта  нокифоя арзёбӣ мегардад. Зеро афзоиши аҳолӣ рӯз аз рӯз ба маротиб меафзояд. Масалан тибқи маълумотҳои оморӣ  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб имсол 2437 нафар кӯдак таваллуд шудааст. Рузи 1 сентябри соли ҷорӣ  ба муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб 5826 нафар ба синфи якум қадамҳои нахустини худро гузоштанд. Дар ҳудуди шаҳру деҳот беш аз 18032  нафар кӯдакони  синну соли томактабӣ (3 – 6 сола) ба қайд гирифта шудааст, ки бинобар сабаби  норасогии муассисаҳои томактабӣ танҳо 6,9 фоизи онҳо (бо дарназардошти гӯруҳҳои тайёрии наздимактабӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанду халос. Илова бар ин, муассисаҳои томактабии мавҷуда, аслан дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти “Даҳана”, “Кӯлоб” ва “Зиракӣ” ҷойгир буда, дар Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”, ки беш аз 22653 ҳазор нафар аҳолӣ (аз ҷумла, 1545 нафар кӯдакони синни томактабӣ) дорад, ягон муассисаи томактабӣ амал намекунад.

  Дар доираи нақшаи омодагиҳо барои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷалби соҳибкорон бунёди 23 адад муассисаҳои  томактабии ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯдаке, ки дар муассисаи томактабӣ таҳсил  намудааст аз дигар ҳамсолони худ ба куллӣ фарқ мекунад. Ифтитоҳи  муассисаҳои томактабӣ ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти томактабӣ имкон фароҳам меорад. Зеро рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи Ватани хеш имрӯз бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад. Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳбудии фаъолияти омӯзгорон тадбирҳои заруриро  роҳандозӣ менамояд.  Аз ҷумла аз моҳи сентябр баландшавии  маоши омӯзгорон далели  ин гуфтаҳост Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои амалӣ намудани дастуру  ҳидоятҳои Сардори давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, корҳои  назаррасеро ба анҷом расониданд. Диқкати махсус ба  мустаҳакам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмону  барқарроркунии биноҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ,  ки яке аз  шартҳои асосии таъмини омӯзиши босифат мебошад, дода шуд. Сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф меафзояд.          Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои сипаришуда сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон нисбатан беҳтар гардид. Хурсандибахш аст, ки имсол хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  

      Ҳозирини гиромӣ! Тавре, ки маълум аст дар ҳар як Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати беҳбудии соҳаи маориф, бахусус, ба истифода додани иншоотҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Ин ғамхорӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва донишандӯзии хонандагон пешбинӣ шудааст. Масъулияти таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба Стандарти давлатӣ  баробар кардани дониши хонандагон ба заминаи кадрӣ вобаста аст. Чи хеле аз маълумотҳои оморӣ бар меояд дар ҳақиқат потенсиали моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии таълимии шаҳри Кӯлоб қодир аст, ки шогирдони болаёқату дорои донишҳои замонавиро тайёр намоянд. Пас, омӯзгоронро лозим  меояд, ки беҳтару хубтар меҳнат намуда, ҳарчи бештар ба шогирдон донишҳои амиқ дода, онҳоро ба ҳаёту фаъолияти мустақилона омода намоянд. Вазифаи асосиву муҳимтарини мо баландбардории  сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши шогирдон мебошад.

  Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо  таъкид  намудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст». Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, омӯзгорро зарур аст, ки  ба таври доимӣ омӯзад, ихтисоси худро такмил диҳад ва баҳри донишандӯзии шогирдон тамоми тадбирҳои амалиро андешад.

  Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷӯи шуморо ба он ҷалб намоям, ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни хонандагону донишҷуён  мебошад, ки мақому манзалати он аз корҳои таълимӣ кам нест. Зеро бидуни тарбияи шогирде, ки мавқеи солим, ахлоқуодоби  ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ надорад, ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ин раванд, дар баробари волидайн омӯзгорону устодон бояд сахтгиру серталаб бош

  Бузургони гузаштаамон, аз ҷумла муаллими ахлоқ Шайх Саъдӣ меҳрубониву сахтгирии омӯзгорро аз падар бештар дониста гуфтаанд:

Меҳри устод аз падар беш аст,

Аз падар устод дар пеш аст.  

       Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва ка сбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумо   омӯзгорони азиз ва шогирдону тарбиятгирандагонро  бо  фарорасии соли нави таҳсил, ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии боз як муассисаи томактабии замонавӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумоён тансиҳатию хонаободӣ ва муваффақияту бурдбориҳо орзумандам.

      Ташаккур! 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code