Мизи мудаввар доир карда шуд

     Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустаъқил, хуб ба роҳ мондани тарбия ,касбомӯзии фарзандон, пешгирии амалҳои номатлуб, хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини соҳавии раиси шаҳр, мудирони  шуъбаи занон ва кор бо оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи САҲШ,  занони собиқадор,ташкилотҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар доир карда шуд. Зимни баромадҳои хеш баромадкунандагон қайд  намуданд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ 19 оилаи ҷавон аз ҳам ҷудо гардидаанд. Ҳарчанд, ҷудошавӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад кам бошад ҳам  ҷудошавии оилаҳои ҷавон  ҷомеаро ба ташвиш овардаст.

   Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш коҳиш додани ҷудошавии  оилаҳои ҷавон арзёбӣ гардида ҳар як баромадкунанда сабабҳо ва  роҳхои пешгирии ин  омили номатлубро аз нигоҳи хеш таҳлилу баррасӣ намуданд.                                                                                                                                                                                                                           Бахши бойгонӣ –матбуотӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code