Рӯзи дониш дар шаҳри Кӯлоб

    Таҷлили рӯзи нахустини таълимӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб   бо шодиву сурури тифлон  оғоз ёфт. Хонандагони синфи якум    бо падару модарон ва  дигар  хешованлони наздики худ  ба остонаи муассисаи таълимӣ  аввалин маротиба бо гулдастаҳо ва бо умеди фардои дурахшони хеш  қадам ниҳоданд.          Дар хама муассисахои таълимӣ омӯзгорону хонандагони синфхои болоӣ тачлили “Рӯзи Дониш”-ро  бо иштироки Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат  дар Донишгои давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино   тамошо намуданд.           Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ба маротиб болоравии маоши омӯзгорон ва  роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ, хатмкунандагони мактабҳо ва сокинони банангу номуси диёр баҳри  ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос замина мегузорад   ва фароҳам омадани шароити созгори таълимӣ  имкон медиҳад, ки сатҳу сифати донишомӯзӣ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардад.         

         Акнун хонандагонро зарур аст, ки дар фазои сулҳу субот ва оромӣ таҳсил намуда  ба қадри ин ғамхориҳои давлату ҳукумат расанд ва давраи таълимро самаранок истифода бурда соҳиби касбу кор шаванду  ба  ҷомеа хизмат карда тавонанд.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code