Рушди соҳаи тандурустӣ дар Кӯлоб

   Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми солонаи хеш таъкид доштанд, ки бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти мухимтарини пешрафти мамлакат мебошад,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҳалли масъалахои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медихад. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо дар дурдастарин  деҳоти шахри Кӯлоб  марказхои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст,  ки  ба мардум хизмати шоиста мерасонанд. Дар маркази саломатии нохияи Кӯлоб табибон дар баробари пешбурди соҳа  ва хизмат ба аҳолӣ дар асоси накшаи чорабинихо ба истикболи 30 солагии Истиклолияти давлатӣ бо дастгирии сохибкорони маххаллӣ,  маблағҳои буҷетӣ ва ҳашархои дастаҷаъмона бинои Маркази саломатиро ба маблаги 178 хазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварданд. Ба ҷои дару тирезаҳои кӯҳна дару тирезаҳои нав насб гардида, барои хизмати тиббӣ тачхизотхои зарурии соҳа дастрас шуда, бо дарназардошти шароити мусоид хизматрасонӣ нисбат ба аҳолӣ бехтар гардонида шуд.

   Табибони беморхона ва  дигар муасисахои тиббии дехот аз таваҷҷуҳи давлату хукумат нисбат ба пешрафти соҳа ва ҳифзи сиҳатии мардум  рӯҳбаланд гардида, кӯшиш   ба он доранд, ки хизматрасонии тиббиро ба ахолӣ боз ҳам бехтар намоянд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code