Мукофотҳои давлатӣ муборак !

    Боиси сарфарозӣ ва ифтихори мост, ки санаи  30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.     Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам  Хайрулло Амонулло  ва кулли кормандони мақомои иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб директори Телевизиони Кӯлоб  Сафаралӣ Бозорзода, омӯзгори муассисаи №16-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  Назаров Маҳмадалӣ,  омӯзгори коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб  Гулаҳмадов Абдулҳамидро барои  ноил шудан бо  мукофоти давлатии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагулро ҷиҳати сазовор шудан бо Медали хизмати шоиста табрику муборакбод намуда барои   ин дастовардҳои бузург ва саҳми арзишмандашон  дар рушди илм, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат  саломатӣ, барори кор ва  дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоянд.    

                                                                                                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

                     

    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code