Сухани табрикотии Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати 1-уми сентябр Рӯзи дониш

    Устодону хонандагони азиз!

   1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи аввали соли таҳсили нав барои толибилмон дониста шуда, барои ҳар як дуструякони нав ба мактаб қадаммонда, яъне синфҳои якум, ки дар соли нави хониши нав дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 5826-нафарро ташкил медиҳанд рӯзи 1-уми сентябр санаи хотирмону фаромушношуданист. Бояд зикр намоям, ки дар остонаи таҷлили 27-умин солгарди ҷашни умумимиллӣ-Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзи нахустини соли нави таҳсил қарор дорем. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Кӯлобро ба фарорасии соли нави таҳсил табрик гуфта, бароятон зиндагии орому осуда, осмони соф ва ба хонандагон дар роҳи омӯхтани илму дониш комёбӣ орзу менамоям. Маврид ба зикри хос аст, ки мактаб барои миллати бостониву тамаддунсози мо парваришгоҳи илму дониш, сайқалгоҳи ақлу хирад ва боргоҳи маърифату адаб ба шумор меравад.

  Маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои охир бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад». Маҳз бо дастгирию ташаббусҳои бевоситаи Роҳбари давлат ва амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир мактабҳои наву замонавӣ ва муассисаҳои типи нав дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз он ҷумла бинои муҳташами таълимию маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат  ва хонаҳои истиқоматии омӯзгорон дар шафати он, муассисаҳои таҳсилоти умумии № 4, 30, 34, 37 ва бунёди бинои маъмурию таълимӣ ва озмоишии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти иноватсионӣ, хобгоҳи нуҳошёнаи муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббӣ инчунин сохтмони даҳҳо муассисаҳои илмӣ маърифатӣ дар шаҳри Кӯлоб намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.      Бинобар ин, тавре ки мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро ба рушди соҳа равона карда истодааст. Зеро рушди ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек бояд, пеш аз ҳама, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф нақши муассир дошта бошанд. Тавре дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардид, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда – дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани нерӯи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро боз 15 фоиз баланд бардошт. Дар ин раванд, фақат соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Боиси қаноатмандист, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб айни ҳол бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, хатмкунандагони мактабҳо ва сокинони банангу номуси диёр бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ, Даҳана ва бинои таълимгоҳҳо таъмиру навсозӣ шудаааст. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсионӣ, 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла 2 кӯдакистони хусусии Миҷгона ва Меҳрона, 6-адад коллеҷҳо, 2-литсейи касби техникӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ива менеҷменти иноватсионӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо шароити созгори таълимӣ фароҳам буда, заминаҳои моддӣ техникии муассисаҳо сол то сол беҳтар шуда истодааст.

  Устодони арҷманд!

   Мехоҳам диққати Шуморо ба якчанд масъалаҳои муҳими вобаста ба соҳаи маориф ҷалб намоям. Ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф ба он равона гардидааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир бошанд. Бо ин мақсад, аҳли маорифи шаҳр бо дарназардошти таҳаввулоти соҳа ба тарбияи насли наврас бо ҷиддияту масъулиятшиносӣ муносибат намоянд. Яке аз омилҳои муҳимми болоравии сатҳу сифати таълим фаъол гардонидани утоқу озмоишгоҳҳо барои фанҳои дақиқу табии ва таҷҳизонидану бо маводи зарурӣ таъмин намудани онҳо мебошад. То имрӯз озмоишгоҳҳои аксар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба маводу ашёи зарурӣ дастрасии кофӣ надоранд ва бо ин сабаб дар аксари муассисаҳои таълимӣ фанҳои дақиқ ва табиӣ танҳо аз ҷиҳати назариявӣ таълим дода шуда, дарсҳои амалӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида намешаванд. Соли гузашта иштироки муҳасилини муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот ба озмунҳои фаннии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ кам ба назар расида хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб таълимгоҳҳои олию касбии мамлакат дохил шуда натавонистанд, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест. Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, инчунин, сохторҳои марбутаро зарур аст, ки сабабҳои нокифоя будани сатҳи дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот таҳлил намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон чораҳои иловагӣ андешанд. Дигар вазифаи муҳимми аҳли маориф дарёфт ва тарбияи истеъдодҳо ва ихтироъкорону эҷодкорон аз миёни наврасону ҷавонон мебошад.

Дӯстони азиз! 

  Масъалаи дигаре, ки мехоҳам иброз намоям ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни хонандагон мебошад, ки мақому манзалати он аз корҳои таълимӣ кам нест. Зеро бидуни тарбияи шогирде, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ надорад, ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки роҳбарони баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо вақтҳои охир таваҷҷуҳи асосиро ба тадрису таълим равона карда, ба корҳои тарбиявӣ ба таври ҷиддӣ машғул намешаванд, ки солҳои охир боиси афзоиш ёфтани қонуншиканиҳо аз ҷониби хонандагони чанде аз мактабҳои шаҳру деҳот гардидааст. Аз каммасъулиятии барзхе аз волидайн ва бетарафӣ дар кори тарбияи ҷавонону наврасон солҳои охир ин табақаи ҷомеа ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротӣ пайваста, дар миёни онҳо низ гирифторони бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам ва нашъамандӣ низ афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ин раванд, дар баробари волидайн омӯзгорону устодон бояд сахтгиру серталаб бошанд. Бузургони гузаштаамон, аз ҷумла муаллими ахлоқ Шайх Саъдӣ меҳрубониву сахтгирии омӯзгорро аз падар бештар ва ҷоиз донистаанд.   Масалан, Саъдӣ дар ин масъала чунин гуфтааст: Меҳри устод аз падар беш аст, В-аз падар сутод дар пеш аст.   Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва касбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад. Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.  

  Муҳтарам омӯзгорон ва масъулини соҳаи маориф!  

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид месозад, ки бо вуҷуди ғамхориву дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат сифати таълиму тарбия, хусусан, дар мактабҳои миёна ҳанӯз ҳам моро қаноатманд карда наметавонад. Худатон хуб медонед, ки шароити таълим дар мактабҳои шаҳри Кӯлоб  нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақа бамаротиб беҳтар аст ва камбудиҳои ҷойдошта бо саъю кӯшиши масъулони соҳавӣ дар ояндаи наздиктарин бартараф карда мешаванд. Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шумо омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо падару модарон барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани раванди донишомӯзӣ чораҳои иловагӣ андешида, кори таълиму тарбияро тарзе ба роҳ монед, ки шогирдони шумо аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат бошанд. Итминони комил дорам, ки шумо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб минбаъд барои тарбияи насли сазовори замони истиқлолият ва фарзандони арзандаи миллати бостониамон бештар заҳмат мекашед ва ба ин васила дар амри ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоред. Бори дигар ҳамаи шумо устодону шогирдон ва дуструякони нав ба ҷодаи илм қадамгузоштаро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш таҳният гуфта, дар раванди таълиму тадрис ба устодон барор ва ба хонандагон шавқу рағбати беандозаи илмомузиро орзу менамоям.

Рӯзи Дониш муборак бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code