Ситоди тадорукотӣ

      Санаи 29 августи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ  Кенҷамоҳ Маҷидова  ситоди тадорукотӣ  бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.  Дар ибтидо муовини раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам К Маҷидова доир ба интихоби сурудҳо ва мавзӯҳои пешниҳодшуда суханронӣ намуда, таъкид  дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   таҳия гардида,  то имрӯз корҳои муайян ба анҷом расидааст. Дар ҳамин замина ба истиқболи ин санаи фархунда дар шахри Кӯлоб омодагиҳо  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати ситоди тадорукотӣ аз ҳисоби роҳбарони идораю ташкилот ташкил гардида, то кунун се маротиба масъалаи мазкур мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, масъулин ҷиҳати иҷрои нақша- чорабиниҳо бахшида ба ҷашни мазкур муваззаф  гардиданд.

        Макони асосии чорабинӣ имсол боғи марказии шаҳри Кӯлоб, ки ба наздикӣ таъмиру тармим гардидааст,  пешбинӣ шуда, аллакай лоиҳаи сенарияи гузаронидани барномаи идона бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Ҳайати эҷодии чорабинӣ барои интихоби лисоби ягонаи саҳнавӣ, насби шиору овезаҳо  фикру андешаҳои худро пешниҳод намуда, ба хулосае омаданд, ки дар барнома  донишҷуёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ҷалб карда шаванд.

    Қобили қайд аст, ки дар чорабинии 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ҳунармандони шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷалб гардида қисми зиёди сурудҳо мавзӯи ватандӯстӣ, дустию рафоқат ва халқиро  дар бар мегирад. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз меёбад . Ҳамзамон таҷлили 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот низ ҷараён мегирад.                                                                     Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code