Корхонаҳои пахтатозакунӣ ба кор оғоз мекунанд.

   Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки  кишвар маҳсуб ёфта,   дар болоравии  рушди иқтисоди мамлакат  ва сатҳи зиндагии мардум нақши бузург мебозад.

  Дар мавсими тирамоҳу зимистон баробари оғози чиниши пахта  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  корхонаҳои пахтатозакунӣ низ ба кор шуруъ мекунанд.  Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 9 корхонаи  саноатии  хурду бузург аз қабили  ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб», ҶДММ «Зарҳам», «Тиллои сафед» ,  «Лайло- П»,  «Ёхсучиён», «Сабз-Н»  , «Ҳаким-Ф», «Мустафо-2009» , «Сайёд-К»  ки ба коркарди пахта машғуланд, фаъолият  намуда , бо оғози мавсими пахтачинӣ ба кор  шуруъ мекунанд.  Корхонаҳои мазкур метавонанд 400 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code