Коргоҳҳои нав ба кор шурӯъ карданд.

      Дар натиҷаи чораҳои андешида аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб рушди соҳаи саноат таъмин гарида, дар нимсолаи соли равон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 коргоҳи истеҳсолӣ бо 46 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла 2 коргоҳи дузандагӣ , 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳи қаннодӣ .  Ҳамзамон корхонаи КМ Кулобтекстайл» бо ҷалби  сармояи хориҷӣ ба кор оғоз карда, 70  нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд.

    Корхонаҳои саноатии шаҳр якҷоя бо  бахши хусусӣ ба маблағи 88,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 87,3 млн сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат 110,3 фоизро ташкил дода аст.                                                               

                                                                                                                 Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code