Бунёдкориву созандагиҳо дар ҷамоати деҳоти Дахана

  Дар  шаҳру деҳоти Кӯлоб  бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза касб карда аст. Ба  ин муносибат дар ҳудуди шаҳру деҳот   чароғҳои ҷилодори  равшанидиҳанда насб гардида, кошинкории назди муассисаҳо ва тозаву озода намудани гулашту хиёбонҳо идома дорад.

  Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб   вобаста ба сазовор таҷлил намудани  30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ   идома ёфта истодаанд.  Дар ин ҷамоат  сохтмони 2 дорухона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 ҳаммом,  2 кошонаи ҳусн,  2 сартарошхона, 2 варзишгоҳ, 2 сехи дузандагӣ, 1 нонвойхона, нуқтаи таъмири техникаи кишоварзӣ, 1 сехи коркарди шир ва равған , ки дар маҷмуъ  16 ададро ташкил мекунанд,  идома дорад. Дар деҳаи Ёхсучиён аз ҷониби соҳибкор Қурбонов С сохтмони бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Мирапоқи ин ҷамоат сохтмони китобхонаву осорхона,  ҳаммом, сехҳои  коркарди шир ва равған аз ҷониби сокини ҷамоат  Сироҷов М , бунёди сартарошхонаву ошхона дар деҳаи Чинор аз тарафи сокини ҷамоат  Абдулҳақов А ва   дорухона дар деҳаи Даҳана аз тарафи соҳибкор Чиллаев Ю  вусъати тоза дорад.

  То таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ бошандагони ҷамоат тасмим доранд,ки 179 иншоотҳои гуногунро сохта ба истифода диҳанд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code