Қайдҳо аз ҷаласа

“Баҳри пешгирӣ аз паёмадҳои зуҳуроти нангин тадбирҳои мушаххас меандешем!…”    Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ибтикори раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ва сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Қосим Мираков оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар мавзӯи”Пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани фаҳмиши шаҳрвандон” бо ширкати доираи васеи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, бахши ҷавонон ва сайёҳӣ, олимону коршиносон, имомхатибони масҷидҳои ҳудуди шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, кормандони касбу кори гуногун, созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва васоити ахбори омма ҷаласаи фаъолони шаҳр барпо гардид.

     Зимни суханронии хеш раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло доир ба амалҳои номатлуби аъзоёни гурӯҳҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла, Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ибрози андеша намуда, қайд кард, ки терроризму ифротгароӣ имрӯз мардуми сайёраро ба ҷунбиш даровардааст. Ва ҳар як давлат муваззаф аст, ки баҳри пешгирӣ аз паёмадҳои ин зуҳуроти нангини аср тадбирҳои мушаххасу муассир андешанд.

      – Баҳри таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили ҳама зуҳуроти номатлуби замон аз ҳама роҳу воситаҳо истифода менамояд. Мо аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ чунин хатару таҳдидҳоро аз сар гузаронидаем, медонем, ки ин чӣ оқибатҳои талхро метавонад ба бор оварад. Бидуни шак, яке аз сабабҳои иштироки ҷавонони мо дар ҳаракату гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла, дар даргириҳои хунини Ховари Наздик, ноогоҳии онҳо аз моҳияти ҳақиқии дин ба ҳисоб меравад. Сабаби аслии ба гурӯҳҳои тундрав шомилшавии ҷавононро Президенти кишвар дар Паёми худ аз сатҳи пасти донишҳои замонавии онҳо мебинад. Мо бояд бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Қайд карданӣ ҳастам, ки Иди саиди Қурбонро дар фазои тинҷию оромӣ ҷашн мегирем. Ва ин фазои ором ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳамон шахсоне, ки дар солҳои 90-92 ҳанӯз ноболиғ буданд, медонанд, ки он солҳо чӣ гуна солҳои мудҳиш буданд. Чӣ қадар одамон ҳалоку, хонаҳо вайрон гаштанд. Насли ҷавон ин ҳодисаҳоро надидаасту намедонад. Лекин мо – калонсолон – ин ҳамаро хуб дар ёд дорем. Натиҷаи заҳмату машаққатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мебошад, ки ба ин рӯзи саид расидем. Аммо айни ҳол вазъият дар минтақаи Ховари Наздик ноором аст. Аз ҷумла, дар Афғонистон, Сурия, Яман ва чандин давлатҳои дигар. Лекин шукрона аз он дорем, ки дар кишвари мо тинҷию оромӣ ҳукмфармост. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бепарво бошем. Ин оромиро бояд шукргуён ба қадраш бирасем, ва баъдан ба хотири оне, ки сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, мо бояд баъзе корҳоро ба анҷом расонем.

   Ба наздики тариқи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанаде бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд, ки дар он яке аз муассисони фаъоли Ҳизби наҳзати ислом, мавлавӣ Айёмуддин( Сатторов Айёмуддин) дар бораи сирру асрор, мақсадҳои нопоки Ҳизби наҳзати ислом руйрост, ошкоро андешаҳои худро иброз намуд. Ҳоло ӯ аз корҳои кардаи худ пушаймон гардидааст. Бояд гуфт, ки дар баъзе расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ изҳор намудаанд, ки, гӯё, мавлавиро таҳти фишор ва шиканҷа гирифта, ӯ ин ақидаҳоро нисбати онҳо баён кардааст. Вале ӯ ошкоро дар филми мустанаде, ки тақрибан 30 даққиқаро дарбар мегирад, оид ба фаъолияти нопоки онҳо ҳарф мезанад. Ҳоло он, ки ягон кас ӯро маҷбур накардааст. На ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, на ягон шаҳрванд ва на ягон органҳои давлатӣ. Сатторов Айёмуддин оид ба кирдорҳои нопоку номардонаи хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ – сарвари Ҳизби наҳзати ислом нисбати миллати худ иброз мекунад. Бояд қайд кард, ки, чӣ тавре мегӯянд, Кӯлоб гаҳвораи Истиқлолияти имрӯзаи мост. Дуруст аст, ки марудуми боору номуси Кӯлоб баҳри ҳимояи якпорчагии Ватани худ сина сипар кард ва ин Ватанро аз парокандагӣ наҷот дод. Бояд қайд кард, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқобили ақидаҳои нопоки Ҳизби наҳзати ислом буданд, ҷамъ шуда, якҷоя мубориза бурда ба пирӯзӣ ноил гардиданд. Имрӯз, ҳарчанде аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳаракати террористӣ- экстремистӣ дониста шуда, фаъолияташ қатъ карда шуда бошад ҳам, лекин онҳо қарор наистода, бо маблағхои хоҷагони хориҷии худ, хусусан, Хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии Исломии Эрон кор бурда истодаанд. Амалҳои террорристӣ ва гаравидани ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, равон кардани онҳо ба ҷанги Сурия корҳои тағрибу ташвиқотӣ бурдан фъолият ҳамарӯзаи онҳост. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳодисаи нангине, ки дар ноҳияи Данғара рух дод, амали нопоки Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд. Ин ҳолат натанҳо моро, балки тамоми минтақаро ба ташвиш овард. Дар Қуръони Карим яке аз гуноҳои нобахшиданӣ назди Худованд – ин куштани инсони бегуноҳ ё ҳамдини худ аст. Чӣ тавр онҳоро мо мусулмон гӯем, ки онҳо ба муқобили якдигар ҷиҳод эълон мекунанд. Ва оқибат кӯдакону модарон, ҷавонон ва одамони бегуноҳ зери зарбаи нангини онҳо мемонанд. Ҳоло дар якҷоягӣ филмро тамошо мекунем, баъд фикру мулоҳизаҳоро баён намуда, дар ин замина бо дастгирии шумо мо Муроҷиатномаи фаъолонамонро ба шаҳрвандони шаҳру деҳоти Кӯлоб пешкаш месозем.

  Сатрҳо аз навор: Мавлавӣ Айёмуддин: – Ман бо тамоми масъулият ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, мегӯям, ки оғоз аз солҳои 1992 дар тамоми бадбахтиҳои миллат, чӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он, соли 2015 оид ба табадуллоти давлатӣ, ки боиси қатлу куштори фардҳои шинохтаи миллат – олимону сиёсатмадорони миллат сад дар сад Ҳизби наҳзати исломӣ даст дорад. Соли1990 ман яке аз муассисони фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ будам. Айни ҳол мехоҳам, ки аз амалҳову нақшаҳои нопоки пуштипардагӣ анҷом додаамон ва, ҳамзамон, аз он нақшаҳои дар пеш дарназардошта ошкоро сухан кунам. Қаҳрамони навор нафаре аз фаъолони Ҳизби террористӣ-эктремистии наҳзати ислом – Сатторов Айёмуддин бо лақабӣ “Мавлавӣ Айёмуддин” мебошад, ки соли 2018 ихтиёран сафи ташкилоти мазкурро тарк намуда, ба ватан баргашт. Ва дар мусоҳибаи худ аз амалҳои нангину сарди онҳо ҳарф мезанад.

 Шарҳи ҳол:  Сатторов Айёмуддин, лақабаш “Мавлавӣ Айёмуддин”, санаи таваллудаш 25 апрели соли 1953. Зодаи деҳаи Коминтерни ноҳияи Кушониён (собиқ ноҳияи Бохтар)-и вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Обчакорон. Яке аз муассисон ва ташкилкунандагони ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ. Назари мавлавӣ Айёмуддин: – Ман қариб чил сол дар паҳлӯи Саид Абдуллои Нурӣ ва Ҳимматзода, ки муассисони баландмартабаи ҳизб буданд, ҳамкорӣ доштам. Вале имрӯз бо эътирози ҷиддӣ эълон мекунам, ки ман дигар аз ин гурӯҳ нестам. Ва сабабҳои аз ҳизб даст кашиданамро баён мекунам. Аввалан, ки роҳбари имрӯзаи ҳизб Муҳиддин Кабирӣ тамоми Ойиннома ва Барномаи ҳизбро поймол кардааст. Дар атрофи худ ҷавонони бесаводу бефарҳангро ҷамъовардааст, ки эътиқодро дар зери фишори равияи шиагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ мондааст, ки ин аз мазҳаби мо нест. Дуюм, эътирози ман ин, ки Кабирӣ ҳамчун шахсияти шинохтаи мазҳабӣ дар ҳизб нест. Мақсади ӯ эҳёи мазҳаб ва хизмат кардан ба ислому ҳизб нест, балки ҳизбро ба мазҳаби шиагаро табдил додан буд. Аксари онҳо равияи шиагароӣ доштанд. Мо ҳангоми суҳбатҳо бо домулло Абдураҳим, домулло Ҳайз ва дигарон гила мекардем, ки ин роҳбари Ҳизб аз куҷо омад? Ӯ, воқеъан, шахси тасодуфӣ дар Ҳизб буд. Ӯ шахсияти пойгир аст. Бинобар расидан ба мақсадҳои тиҷоратии худ ҳамин ҳизбро ташкил дод. Аз ҳисоби ҳизб миллионҳо доллари амрикоиро ҷамъ кард. Марказҳои хизматрасонӣ, хона-қасрҳо сохт ва соҳиби мошинҳои хориҷӣ гардид. Дар Туркия ва дигар давлатҳои Аврупо хонаву коргоҳҳои шахсии худро дорад, яъне, зиндагии худро ташкил кард. Аз рафтору кирдори ӯ ба хулосае омадам, ки ин одам одами мазҳабӣ нест. Имрӯз худро қарздор мешуморидам, ки оид ба нақшаю чорабиниҳои нопоки Ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нисбати миллати тоҷик меорад, ҳарф бизанам.

  Шарҳи ҳол: Роҳбари Ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати ислом, Муҳиддин Кабирӣ, ки аз овони ҷавонӣ таҳти таъсири рӯҳониёти ифротии наҳзатӣ қарор дошт. Дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб фаъолият мекард. Дар хориҷи кишвар таълимоти равияҳои тундгарои ифротгароиро гирифта, пайрави мактаби экстремистӣ гардида, то кунун фаъолияти худро давом дода истодааст.

    Қосим Мираков, сардори Гурӯҳи фаврии Кумитаи Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб: – Мақсади асосии мо мавқеи ҳамин наворро ба мардум расонидан аст. Ба фикри ман, мақсади асосии ҷаласаи машваратии имрӯза нишон додани мавқеи мардуми шарифи минтақаи Кӯлоб, бахусус, шаҳри Кӯлоб нисбати ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки 29 сентяри соли 2015 ҳамин Ҳизбе, ки яке аз муассисони фаъолаш бепарда оид ба мақсадҳои нопоки Ҳизб озодона сухан кард, даст ба табадуллоти давлатӣ зад. Бояд гуфт, ки дар қисмати дуюми филм гап дар бораи Бобоҷони Қаюмзод меравад. Бо боварии комил метавонам бигӯям, ки аксарият ин нафарро намешиносанд. Ин шахс Қаюмов Бобоҷон Тағоевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ дар хориҷ ҳама вақт аз номи мардуми шарифи Кӯлоб ҳарф мезанад. Гӯё, ӯ намояндаи ин мардум буда, мавқеи мардумро дар он ҷо баён мекунад. Айни замон вазифаи сухангӯи Ҳизби наҳзати исломро ба душ дорад. Шахси дигар ҳам аз ҳамин деҳа, хешу табори он кас Азимов Ҳукматулло аст. Дар шабакаҳои интернетӣ таблиғотчӣ ва муборизи ҳизб мебошад. Даъвати асосии нишастагони толор аз он иборат аст, ки қайд ва таъкид намоянд: ҷангҳои иттилоотие, ки тариқи интернет аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом ба роҳ монда шуда истодаанд, сабабгори асосии гаравиши ҷавонон ба ҳамин ташкилоти ифротгароӣ-экстремистӣ гардидаанд. Охирин ҳодисаи нангине, ки рух дод, нишон ддодани он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом барои бадном нашудани худ аз мавқеи дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ истифода бурда истодааст. Бояд қайд кард, ки шери язғуломӣ дар шаҳрҳои Пардез, Бумаяни Ҷумҳурии Исломи Эрон таълимотро бапуррагӣ гирифта, соҳиби вазифа шуда, гурӯҳҳои ҷиноятӣ ташкил кард. Ӯ супориш гирифт, ки ба Ҷумҳурии Афғонистон рафта, ба гурӯҳҳои дигари террористӣ шомил шуда, аз мавқеи онҳо истифода бурда, муборизарро зидди давлати Тоҷикистон давом диҳад. Мисоли дигар. Ҳодисаи нангине, ки аз тарафи ҷавонони шаҳри Душанбе, Норак, ноҳияи Панҷ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро таъсис дода, омада дар ноҳияи Данғара акти террористиро нисбати сайёҳони хориҷӣ содир намудаанд. Чандин маротиба дар васоити ахбори омма маводҳо дарҷ гардиданд, ки ин шахсиятҳо: Абдусамадов Ҳусейн – зодаи ноҳияи Панҷ, ду нафар ҷавони дигаре, ки ба ин гурӯҳ ҷалб шуданд, онҳо низ аз ноҳияи Панҷ буданд. Ду нафари дигар аз шаҳри Норак мебошанд. Замоне Абдусамадов бо аҳли оилааш аз ноҳияи Панҷ ба ҳудуди Афғонистон гуреза шуда мераванд. Баъдан, аз ҳудуди Афғонистон онҳо ба Эрон рафта ва аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои муташаккили ифротгароӣ мешаванд. Дар давоми кори инҳо дуюм ва сеюм наслашон ҳам ба ташкилоти террористӣ-ифротгароӣ шомил шуданд. Абдусамадов дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ду маротиба таҳсил гирифта, дар ҳамкори бо Хадамоти махсуси ифротгароии Эрон маблағи калони пулӣ гирифтааст. Ҳамзамон, аз Эрон ба Федератсияи Россия омада, аз Федератсияи Россия  ба Туркия  ва аз Туркия ба Сурия сафар карда, дар ҷангҳо иштирок намудааст. Соҳиби таҷрибаи ҷангӣ шуда ба Федератсияи Россия бармегардад. Аз Федератсияи Россия ба Туркия, аз Туркия ба Қирғизистон ва аз Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, амалисозии нақшаи ҳодисаи нангинеро, ки дар кишвари мо рӯх дод, сарварӣ менамояд. Пеш аз шӯруъ намудан ба ин ҳодисаи нангин ӯ бо Хадамоти махсуси Эрон ҳамкорӣ дошт. Ба ӯ супориш медиҳанд, ки ин ҳодисаро аз мавқеи давлати исломӣ ба роҳ монад. Онҳо дар шаҳри Норак, дар яке аз мавзеҳои шаҳр расм гирифтанд. Тафтишоти ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад. Куштори сайёҳон – ин амалӣ намудани супориши Хадамоти махсуси Эрон ва Ҳизби наҳзати ислом ба Абдусамадов мебошад. Аз ин лиҳоз, мо – иштирокчиёни ҷаласа – бояд нуктаҳои ин филмро ба диққати ҷомеаи шаҳрвандӣ, кулли ҳамдиёронамон бирасонем. Дар ҳама коллективҳои меҳнатӣ, хоҳ давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ, аҳли ҷомеа бояд бо ин филм шиносоӣ пайдо намоянд. Ва аз ҳадафҳои нопоки нохалафон – хоинони миллат – огаҳӣ пайдо намоянд. Ба мардуми оддӣ фаҳмонидан лозим, то бинанд, ки чӣ гуна ташкилотҳои ифротгароӣ бо ҳар гуна воситаҳои ахбориву таблиғотӣ мехоҳанд вазъи ҷомеаи моро ноором сохта, зиндагии тинҷу осудаамонро барҳам зананд. Боиси қайд аст, ки замоне Ҳизби наҳзати ислом дар шаҳри Кӯлоб мавқеи устувор дошт. Дар маҷмӯъ, агар солҳои 2015-умро ба ёд орем, дар тамоми минтақа фаъолияти ин ҳизби мамнӯъро барҳам дода тавонистем, аммо дар шаҳри Кӯлоб натавонистем. Дар ин ҷо “қаҳрамонҳо”-и мо, албатта, дар нохунак, Набиев Маҳмадшариф, Ғайратов Абдусамад, Исломов Маҳмадалӣ, ки маргро ба гардан гирифтанду аз сафи ҳизб сабукдуш шуданро не, баъди оне, ки онҳоро боздошт намудем, дар пурсиш ҷавоб доданд, ки онҳо бо ташкилотҳои террористӣ-ифротгароӣ алоқамандии молияви доранд ва намехоҳанд, ки маблағи пулиро аз даст диҳанд. Ва аз ин маблағҳо, ки тавассути онҳо зиндагии худро пеш мебурданд, маҳрум шуданӣ нестанд. Ба ҳамин хотир,аз Ҳизби наҳзати ислом даст намекашанд. Аз ҳар яки аъзоёни оилаҳои зикргардида нафароне дар Ҷумҳурии Эрон таҳсил намудаанд. Ва ин бе таъсири хадамоти махсуси таблиғотии Эрон намемонад. Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мо дар Эрон таҳсил намуда, баргашта ба ватан омаданд. Аммо таъсири сиёсӣ дар вуҷуди онҳо ҳаст. Масъаланг, сатрпушҳои сиёҳу дигар намуд, ин бешак таъсири Хадамоти махсуси Эрон мебошад. Рӯйрост бояд гуфт, ки то ҳол мақеияти алоҳида шахсҳо номаълум аст. Баъзеҳоямон нисбати онҳо ҳатто мавқеи бетарафиро интихоб намудаем. Ва ягон кас нисбаташон эрод намегирад. Вале бояд таъкид кард, ки бетарафӣ аз хоинию хиёнат дида рафтори зишттару бадтар аст. То кунун нафароне ҳастанд, ки дар давлати Эрони бо мо дар нохунак “дӯст” таълим гирифта истодаанд. Айни ҳол мо бояд мавқеи шаҳрвандии худро муайян намуда, дар бозгашти онҳо саҳми худро гузорем. Чаро ки, он нафарон аз мавқею равияи интихобкардаи худ даст кашиданӣ нестанд. Масъалаи мубрами рӯз – ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат, садоқат ба ватани худ тарбия намоем. Онҳоро доимо таҳти назорати доимӣ қарор диҳем, ва ҷалби онҳоро ба ин гурӯҳҳо тавассути воситаҳои интернетӣ пешгирӣ намоем. Ҳодисаи дигареро пеши рӯ меорем. Чор нафар хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, ҳангоми сафар намудан ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, убур намудани марзи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва шомил шудан ба гурӯҳҳои терористӣ- экстремистии дар Афғонистон буда, дастгир гардиданд. Тафтишот маълум намуд, ки қариб 30 нафар аз нақшаи нохалафу ғаразноки ин чор нафар ва маъмурини мактаб низ дарак доштанд. Аммо ягон нафар нисбати амалҳои бадхоҳонаи онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд. Нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ дар шаҳри Кӯлоб низ гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо аҳли пайвандони хеш аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар тамос мебошанд. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи Шумо хоҳиш карда мешавад, ки нисбати онҳо чораҳои аввалиндараҷаро дида бароем. Ва сари вақт ба мақомоти дахлдор хабар диҳем. Имрӯз тинҷию оромии моро душманони миллати мо дида наметавонанд. Ва мо дар навбати худ ҳушёрию зиракии сиёсиамонро набояд аз даст диҳем, баҳри оромии сарзамини худ саҳмгузор бошем.

    Ҳоҷи Ҳайдар Шарифзода, раиси Шӯрои уламои шаҳри Кӯлоб: – Дарвоқеъ, таи чанд соли охир гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дини мубини Ислом ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Аммо дар асл шариати исломӣ чунин зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум карда, мусулмонро ба аъмоли накӯ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсест, ки дар арсаи байналмилалӣ дини муъбини Исломро пӯштибонӣ кардааст. Мо бояд ба ҳар як ҳидояти Пешвои миллат аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем. Чунки, ин тинҷию оромии кишвари мо маҳз аз заҳматҳои шабонарӯзии он кас сарчашма мегирад. Бояд гуфт, ки терроризм дин, миллат, авлод ва зот надорад. Мисоле аз ҳадисҳои Қуръони Карим оиди Қобилу Обил оварда, гуфтаҳои Пешвои миллатро шарҳ медиҳам. Сараввал Пешвои миллат иброз намуданд, ки терроризм дин надорад. Вақте, ки Мома-Ҳаво чанд пуште, ки зоида бошанд, дугоник аз ҷониби Худо ҳидоят омад, ки як шикам пас бо якдигар хонадор намо. Аммо Қобил итоат ба Худо накарда, аз дину супориши Худо руй гардонида, бедин шуд. Дини Худоро инкор кард. Пешвои миллат гуфтанд, ки терроризм дин надорад. Аллакай нишонаҳои терроризм ҳувайдо шуданд. Ҳамзамон, миллату авлод надорад, яъне, сухани падару модарро шикаст, ба ҳидоятҳои онҳо гуш надод. Ҳоло он ки, итоати волидайн – итоат ба Худост. Обил гуфт: “Қобилро дӯст медорӣ, маро не!” Яъне, тарки мазҳаб кард. Миллат надоштани терроризм нишонаи марги бародари худ ба хотири нафс. Дар ин замина, Сатторов Айёмуддин мавлавӣ нест, ба гуфтаҳои ӯ фирефта нашавед. Мавлавии ислом. Хондагиҳо аҳли исмати онҳоро мавлавӣ мегӯянд. Ин фард охундай, худро мавлавӣ метарошад, дар қонуни аҳли ташаёқ “мавлавӣ” гуфтанӣ гап нест. Мавлавӣ бо дини дунё номзади илм мебошад. Чӣ тавр рафта шиагиро қабул намуда, боз мавлавӣ номгузор мешавад. Ӯ мегӯяд, ки “дастони ман ба хун оғӯшта нестанд”, аммо гуфтаҳояш бо якдигар мухолифанд. Ба гуфти ӯ шогирд тайёр карда, дар Тоҷикистон куштори одамон кардаанд. Пас, шогирд тайёр кардӣ, омада миллати худро куштанд, боз чӣ хел олуда ба нопокӣ надорӣ? Бояд гуфт, шахсеро, ки имонаш комил аст, ҳеҷ гоҳ барои як даҳон нон ба ин кирдорҳои ношоям даст намезанад. Ман шарм мекунам, ки Эронро давлати Исломӣ гӯям. Чунки дар он ҷо ҷиҳатҳои динӣ вуҷуд надоранд, ва ҳамаи ин дурӯғи маҳз аст. Калимаи “Ислом” яктопарастӣ, ба ҷуз Худои ягона дигар Худое нест. Таҳриру такфир. Маънои “Такфир” ҳар аҳли ҷамоате, ки Шиаро қабул намекунад, ӯ кофир аст. Ин бофтаҳои давлати ба ном ислом аст. Дӯстони азиз, боракаллоҳ! Чунки ҳамагон муттаҳид шудед, макри ин мазҳабро фаҳмидед. Фаромӯш набояд кард солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро. Чунки як қисмат дар майдони набард, қисмати дигаре аз гуруснагию бемориҳои сироятӣ ҷон ба ҷаббор супурданд.  Солҳои қинигарӣ дар боми хона шабро рӯз мекардем. Ҳамсояҳо метарсиданд, ки “Аз пушти шумо моро мекушанд!..” – гуфта, дар хонаҳояшон ба мо ҷо намедоданд. Вале ҳеҷ яки мо аз динамон, аз баҳри миллатамон нагузаштем ва ба ин Ватан хиёнат накардем. Хиёнат ба Ватану миллат – ин заифии имон аст. Ҳамон нафси ҳаром буд, ки бадхоҳони миллат ба сари мо рӯзҳои сангинро оварданд. Охун рӯйрост мегӯяд, ки дар оянда нақшаҳои сангину нопок барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳо низ таҳдид дорад. Ба гуфти ӯ, “Бояд Осиёи Миёнаро аз ноисломиҳо тоза кунанд.” Исломиҳо киҳоянд? Шиъапарастон? Пайғамбари Худо Расули Акрам мегӯяд, ки як шаҳрро амният медиҳӣ, муҳофизати хуни ту бар зиммаи ман. Аввало амният медиҳӣ, бад мекушӣ? Яъне, сайёҳоне, ки ба кишвари мо омаданд, давлат амнияти онҳоро ба душ гирифт. Аммо ин нохалафони бедин на ба Худо итоат карданду на ба давлат. Магар ин диндорист? Модоме, ки ҳукми подшоҳ воҷиб бошад, пас, чаро аз воҷибияти он рӯй гардонидаанд? Дар ин ҷода Пайғамбари Худо Расули Акрам мегӯяд, ки ман безорам аз фарде, ки аввал амният медиҳад, баъд мекушад, гарчанде, кушташуда кофир ҳам бошад, бандаи Худост. Дар охир ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки Дини Ислом ҷонибдори он аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ аз усули эътидол ё миёнагароӣ бояд дар асоси ояти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳу наъбавӣ, ахқоми шаръи шариф сурат гирад, то ин ки оромишу осоиш ва сулҳу суботро дар ҷаҳони ислом таъмин намояд. Яке аз сабабҳои асосии ин муноқишаҳои мазҳабӣ мебошанд. Агар мо ғояҳо ва арзишҳои олии исломро бо роҳи музокироти сулҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худогоҳии исломӣ ба роҳ монем, ҳатман ба мақсади гузоштаи худ мерасем.

   Лола Кароматова, фаъолзан аз шаҳри Кӯлоб: – Воқеъан, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳодисаҳои мудҳиш ва зиддиятҳои маҳзабӣ зиёд шуда истодаанд. Ҳар рӯз дар миқёси ҷаҳон ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бетарафу бепарво будан ҳаргиз раво нест. Тавре, Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони ҷаҳони муосир ва муборизи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум менамоянд, аз минбарҳои баланди сиёсӣ ҳарф зада, мегӯянд, ки мо дар замони хеле мураккабу муташанниҷ зиндагӣ дорем. Як гурӯҳи бадхоҳон манфиати хеш талабида, дар ин роҳ ба тақдири кишварҳои дигар халал мерасонад. Бинобар ин, аҳли тамаддуни ҷаҳониёро мебояд, ки дар гуфтору рафтор ҳамдилу ҳаммароми хеш буда, бар зидди ин амалҳои номатлуб мубориза баранд. Имрӯзҳо бархе аз наврасону ҷавононро гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои ба сафҳояшон шомил шудан  тарғибу ташвиқ менамоянд. Ин гурӯҳҳо ташкилотҳое ҳастанд, ки барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расидан аз тамоми ҷабҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ истифода мебаранд, то ки онҳоро фирефтаи бофтаҳои худ гардонида, ба домашон афтонида, ба манфиати худ истифода баранд. Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон мушкилоти худро мустақилона ҳал карда наметавонанд. Бинобар ин, аз кӯтоҳназарии ин гуна ҷавонону наврасон истифода бурда, онҳоро ба домашон мекашанд. Мо бояд ватани худро дӯст дорем, ҳамеша дар дили худ ҳисси ватандӯстиро тақвият бахшем. Шукрона кунем, ифтихор кунем, ки чунин ватани тинҷу ором дорем. Ҳодисаҳои нагини имрӯза бори дигар моро водор месозанд, ки ҳаргиз зиракиву ҳушёрии худро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми ватани худ омода бошем. Моро мебояд, ки дӯстро аз душман фарқ карда тавонем ва роҳ надиҳем, ки душман ҳаёти орому осоиштаи миллатамонро поймол созад. Он хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро, ки моро ба ин рӯзи фирӯз расонид, набояд фаромӯш кард. Моро мебояд, ки баҳри амалӣ гардидани Амру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳиссагузор бошем. Иштирокчиёни ҷаласа амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Пешвои миллат амал карда, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ин гурӯҳҳо сулҳу субот ва фазои озоду ободи кишвари моро халалдор созанд. 

  Дар ин партав Муроҷиатномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба тамоми сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб қироат гардида, аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд. Дар анҷоми ҷаласаи машваратии фаъолони шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло иброз намуд: – Наҳзатиён як маротиба барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон сар боло карданд ва, хушбахтона, ба ҳадафҳои нопокашон расида натавонистанд. -Ва инро сабаб сарсупурдагии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо нангу номуси волояшон тавонистанд миллатро сарҷамъ намоянд. Баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо бо мардум нишони ҳамон ваҳдатест, ки дар рӯзҳои барои халқу меҳан муҳим мардум сарҷамъию муттаҳид будани хешро ифода месозад. Ба мо зарур аст, ки шиагаро будани ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро дар партави суханони ҳаммаслакони онҳо, ки имрӯз баъди пушаймониҳо чеҳраҳои ҳақиқии худро қисса кардаанд, миёни ҷомеа расонида, мақсадҳои нопоки онҳоро маҳкум намоем. Ҳамзамон, дар устуворӣ бахшидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки сарҷамъию муттаҳидии миллатро дар партави сиёсати хирадмардонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода, ба ҳеҷ як гурӯҳ, равия ва ё ақидае, ки мухолифи мазҳаби Имоми Аъзам аст, нагузорем, ки миёни ҷомеаи мо роҳ ёфта, ҷудоӣ андозад, мардумро ба ҳам душман гардонад. Бо қабули Муроҷиатнома ба сокинони Кӯлоби бостонӣ ҷаласаи машваратии фаъолони шаҳр ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Бознашр  аз “Кулябская правда”.Фарҳод Мадаминов 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code