Мубориза бо коррупсия ҳамдастӣ металабад

      Ҷаласаи навбатии комиссияи муқовимат бо коррупсия  бо иштироки аъзои комиссияи муқовимат бо коррупсия  ва комиссияи  ҷамъиятии тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ баргузор шуд. Раиси комиссияи муқовимат бо коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   Исмоилзода С  ва котиби комиссия Амирҷон Гулмадов баромад карда,  ҳозиринро ҳушдор доданд, ки ҳангоми тақсимоти  замин ба ҳолатҳои корупсия роҳ надода,  тақсимоти заминро одилона ва оқилона ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки  солҳои охир ҳолатҳои ба даст афтодани  масъулини  ба замин сару кор дошта чи дар ҳудуди ҷамоатҳо ва чи дар шаҳр ба назар мерасад.  Танҳо дар ҳамдастӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар    бо ин  вабои аср   мубориза бурдан имконпазир аст.                                                                                                                          Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code