Ҷамоати Зарбдор дар арафаи ҷашнхои бузург

       Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву созандаги   аллакай оғоз ёфтааст. Дар деҳаи Андароби ин ҷамоат аз ҷониби роҳбари хоҷагии «Хатлон» Рачабов Азиз   бунёди пул бо дарозии 8   ва паҳноии 4 метр идома ёфта истодааст. Дар худи ҳамин деҳа сохтмони сартарошхона аз ҷониби соҳибкор Шомадов Собир аллакай ба анҷом расонида шудааст. Навиштаҷоти номи  деҳа  ба тариқи ҳашар  сохта ба истифода дода шуд.

      Дар деҳаи Зарбдори ҷамоати мазкур сохтмони майдончаи варзишӣ ба тариқи ҳашар оғоз ёфта, корҳои бетонрезӣ  идома  дорад. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо  оби ошомиданӣ дар  деҳаи Гулистон  обанбор бунёд шуда, атрофи он  бо девор маҳкам карда шуда истодааст. Муассисаи таълимии  №14-и деҳа аз ҷониби  хатмкунандагони ин муассиса пурра таъмир  шуда,  то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода хоҳад шуд.

       Дар деҳаи Марғак бошад аз ҷониби Маҳмудзода Фаридун чоҳи об сохта шуда истодааст, ки барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ  хизмат хоҳад кард.

        Аз ҷониби соҳибкор Раҷабов Шаифхуҷа дар деҳаи Ватаншо Шамсов сохтмони мағозаи дуошёна ва аз ҷониби соҳибкори дигар Юлдошов Ҳасан мағозаи фурӯши гулҳо  идома дорад. 

     Дар деҳаи Сариосиёби ин ҷамоат майдончаи варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ  тариқи ҳашар сохта шуда истодааст. Дигар корҳои ободонӣ аз қабили насби чароғҳои равшанидиҳанда ва  гирляндҳо   низ дар ҷамоат оғоз ёфтаааст. Аллакай нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ва мағозаҳо намои  берунаи   худро бо гирляндҳо зеб дода истодаанд.                                                                   

                                                                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code