Занон зидди зӯроварӣ

     Бо ташаббуси маркази захиравии занон ва ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» ва иштироки намояндагони Шуъбаи кор бо занон ва  оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаии шаҳри Кӯлоб, Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, намояндагони  соҳаи тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб,  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ  ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  дар шаҳри Кӯлоб санаи 25 вгусти соли ҷорӣ  мизи мудаввар дар мавзуӣ «Ман ҳуқуқ дорам» доир карда шуд.

   Ҳадафи асосии ин машварат ҷалб намудани диққати ҷомеа ва Васоити ахбори омма оид ба мушкилотҳои занон, бахусус хушунат ва зӯроварӣ  ва мусоидат намудан нисбат ба пешгирии масъалаи мазкур буд.

    Баромадкунандагон асосан атрофи нақши занон дар чаҳорчуби баробарии гендерӣ, хизматрасонӣ ба зарардидагони ҷабри хонаводагӣ ва дастрасии  занон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфтушунид ва мубоҳисаҳо доир карданд.

                                                                                                               Бахши бойгонӣ-матбуотӣ   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code