Ҳашар дар рӯзи истироҳат

Имрӯзхо дар қаламрави шахру ноҳияхои мамлакат омодагиҳо ба истиқболи 27 солагии Истиклолияти давлатии Тоҷикистон  вусъати тоза мегирад. Ҷиҳати  татбики дастуру супоришхои Пешвои миллат ва вусъати корхои ободониву кабудизоркунӣ  кормандони ташкилоту муасисахо  дар рӯзҳои истироҳат ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, дар тозаю озода намудани кӯчаю маҳаллахо ва коргоҳу муассисаҳои худ  ширкат варзиданд. Кормандони ташкилоту муасссаҳо,  дар корхои ободонӣ ширкат варзида дар тозаву озода намудани роҳравҳо, обмонии дарахтон, кашонидани партовхо сахмгузорӣ намуданд. Тибки накша чорабинихои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  натанхо дар маркази шахр балки дар чор дехоти шахр низ чунин хашархои дастачаъмона бахри сабзу хуррам ва тозаю озода намудани маҳаллаҳо гузаронида шуданд Сокинони шахру дехоти шахри Кӯлоб бо ифтихор аз даврони сохибистиклолӣ ва вахдати миллӣ бо ҳисси баланди ватандустӣ  пайваста дар  чунин ҳашархои дастаҷаъмонаро ширкат намуда, баҳри  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  кӯшиш менамоянд.                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code